Бо мақсадибеталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист якҷоя бо бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар минтақаҳои Понғоз ва доманакӯҳҳои ноҳия санаи 7 феврали соли равон корҳои биотехникӣ гузаронида, ба миқдори умумии 350 кг резаи ҷав, 500 кг резаи гандум, 350 кг резаи ҷуворимакка, 200 кг намак, 600 кг сабус, 35 банд хошоки дағал, 45 банд коҳ ва дигар намудҳои хӯрока таъмин карда шуданд. Дар ин минтақаҳо намудҳои паррандагон кабк ва саъба, ҳайвонҳои ваҳшӣ - хуки ваҳшӣ, гург, рӯбоҳ, харгӯш мушоҳида карда мешаванд.
Семинар-тренинг барои намояндагони ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон
Санаҳои 4 - 6 феврали соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд семинар-тренинг дар мавзуъи «Роҳҳои инъикоси масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ тавассути унсурҳои чандрасонаи технологияи мултимедиявӣ» доир гардид. Семинар-тренинг аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» дар ҳамкорӣ бо намояндагии Интернюс дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, дар баргузории он намояндагони созмонҳои ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон, кормандони ВАО дар вилояти Суғд ва ташкилотҳои самти ҳифзи муҳити зист иштирок карданд. Давоми се руз иштирокчиёни тренинг аз ҷониби тренерон инъикоси ҷолиби гузоришҳо тавассути унсурҳои чандрасонаӣ (мултимедиа-акс, видео ва садо) шинос гардиданд. Инчунин оид ба роҳҳои истифодаи босамари захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд.
Эълон
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
- Сардори Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 1334,80 сомонӣ; (категорияи сеюм)
- сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат, маоши мансаби 894,40 сомонӣ; (категорияи панҷум)
- мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат, маоши мансаби 769,60 сомонӣ; (категорияи шашум)
- мутахассиси шуъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 634,40 сомонӣ; (категорияи ҳафтум)
Мурғи ҳилоли тибетӣ – паррандаи соли 2017
Мурғи ҳилоли тибетӣ паррандаи хоси муқимии баландкӯҳҳои Помири Шарқӣ буда, дар қаторкӯҳҳои Вахон, Сарикӯл ва Аличури Ҷанубӣ паҳн гардидааст. Ин парранда намояндаи калонҷуссаи тазарвҳо буда, вазни фардҳои болиғи он аз 2 то 3 кг-ро ташкил медиҳад. Муҳити хоси сукунати мурғи ҳилол минтақаҳои баландкӯҳи дорои нишебиҳои серхарсангу марғзорҳои алпӣ, ки дар баландиҳои 3600-5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, ба шумор меравад. Мавҷудияти сарчашмаҳои обӣ яке аз шартҳои асосии сукунатгоҳи ин парранда маҳсуб меёбад. Ғизои мурғи ҳилол растаниҳои марғзори алпӣ ва ҳашароти хурд мебошанд. Мурғи ҳилол паррандаи сернасл буда, аз 6 то 15 тухм мегузорад. Саршумори умумии ин парранда дар Помири Шарқӣ тақрибан 400 сарро ташкил медиҳад.