
Мувофиқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва БД РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Истиқлол гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 15 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳри Истиқлол ирсол гардид.



Тибқи нақшаи корӣ санаи 16 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Кохи матбуоти ш.Хуҷанд бахшида ба 22 март - Рӯзи умумиҷаҳонии об ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028
Санаи 20 апрели соли равон дар толори бинои асосии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров конфронси илмӣ – назариявӣ бахшида ба 22 апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид. Дар кори конфронси мазкур олимон аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,