Саҳми хонандагон дар беҳбудии муҳити атроф

   Дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсат баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнхои давлатӣ, бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар минтақаи Томчисой аксияи «Тозагии соҳил» доир гардид. Аксия бо иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии литсейи № 1 ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 17 ва сокинони ҷамоатҳои шаҳракаи Меҳрободи ноҳия сурат гирифта, сой аз алафҳои бегона ва партовҳои ҳархела тоза карда шуд. Ба партовгоҳи ноҳия 3 м3 партов бароварда шуд.

Саҳми ҷавонон дар ободии муҳити зист

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат ба истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров дар сойи Хоҷабоқирғони ҷамоати деҳоти Ғозиён аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо иштироки сокинони ҷамоат, бахусус ҷавонони ташаббускори ихтиёрӣ, ки дар ободии муҳити зист бетараф нестанд, новобаста аз рӯзҳои корӣ доир гардида, сой аз ҳаргуна партовҳои гуногуни маишӣ пурра тоза гардид. Дар натиҷа 2 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Зафаробод

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат, бо мақсади пурзӯр намудани назорат дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод аз тарафи кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёти мазкур 30 адад воситаҳои нақлиёт, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда мавҷуд мебошад аз ташхис гузаронида шуд.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад…

   Субҳи имрӯз сокинони ноҳияи Мастчоҳ  ба ҳашар баромада, ду тарафи роҳи  Бӯстон - Азизобод, ки ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон ва Палдоракро ба маркази ноҳия мепайвандад, аз алафу хошок тозаву озода намуданд. Чунин кори наҷиб дар доираи ҳашари умуми ноҳиявӣ, ки дар Мастчоҳ ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидааст, сурат гирифта, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳоли мусоидат менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.