15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ

  Ҳамасола санаи 15 – апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад. Тарбия ва маърифати экологӣ – фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Ҳадафи асосии ин ид – пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани чомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои асосӣ дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати  ояндаи солим барои инсон мебошад. Бояд зикр намуд, ки таҷлили Рўзи донишҳои экологӣ на танҳо барои шахсоне, ки бо омўзиши маърифатӣ экологӣ машғуланд мансуб аст, балки ба ҳамаи шаҳрвандон тааллуқ дорад.Дар ҷумҳурии мо ба масоили марбут ба маърифати экологии аҳолӣ диққати махсус дода мешавад ва дар бисёр суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

 Сарвари кишварамон ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки дар муносибат ба табиати биҳиштосои диёр эҳтиёткор, ғамхору дилсӯз бошем, ба ободкорӣ бикӯшем, дар бунёди боғҳову гулгаштҳо, дар ниҳолшинонӣ, дар тоза нигоҳ доштани муҳити зисти хеш ҳиссагузор бошем. Табиат инсонро хушбахту сарватманд ва ифтихорманд карда метавонад, дар сурате ки инсон қонуниятҳои муносибат бо онро хуб донаду риоя намояд. Ҳар қадар аҳолӣ аз лиҳози экологӣ маърифатманд гардад, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад карду муҳити мо ободу зебо хоҳад гашт.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.