
Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби донишҷӯёну устодони муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус ва умумии шаҳри Хуҷанд ҳашари тозагии муҳити зист гузаронида шуд. Ҳашарчиён асосан дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, ин шоҳроҳи аҳамияти стратегидоштаро аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 1000 нафар иштирок намуда, корхонаву ташкилотҳои қадди ин шоҳроҳ низ ба он саҳмгузорӣ карданд. Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, бехи ниҳолҳои сояафкан нарм карда шуданд.



Дар асоси нақшаи корӣ ва нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолияти Комиссияи байниидоравии МИҲД ноҳияи Ҷ.Расулов оид ба маърифати экологӣ ва рафти иҷрои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои вобастагардида санҷида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиши рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 дар бораи татбиқи Барномаи мазкур ва талаботи амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, № 228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», маводи сохторҳои дахлдори МИҲД ноҳия, аз он ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахши фарҳанг ва 5 ҷамоати шаҳраку деҳот дида шуд.
ибқи нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарии ш.Хуҷанд» аз ҷониби нозирони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сӯзонидани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба ҳавои атмосфера ошкор гардид. Нисбати сардори корхонаи мазкур Раҳимов Ф. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 231 тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд фиристода шуд.
Бо мақсади беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли сарди зимистон ва ҳифз намудани онҳо, тибқи нақшаи корӣ дарминтақаи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва муассисаидавлатии хоҷагии ҷангал ва шикор корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт дар минтақаи мазкур 20 адад банди хошоки дағал ва 10 халта маводи хӯрокаи гуногун


