Бори аввал масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ гардида, зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлимро имзо кардаанд. Айни замон дар сайёра, аз ҷумла дар кишвари мо тағйир ёфтани иқлимро ҳама эҳсос мекунад ва бадшавии вазъи экологӣ дар тамоми олам воқеаи баҳснопазир мебошад. Сол то сол тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро расонида, масъалаҳои вобаста ба он таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушкшудани чашмаҳову дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар гуна пайомади офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалии замони муосир мубаддал гашта, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд. Имрӯз омилҳо ва мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсиргузоранд, бамаротиб меафзоянд. Пиряхҳои хурду бузург дар нуқтаҳои баландтарини кӯҳҳои Тоҷикистон – қуллаи Исмоили Сомонӣ ва қуллаи Абўалӣ ибни Сино ҷойгир буда, айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор доранд. Тибқи пешгӯиҳои олимон, то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхи майда пурра аз байн меравад, зеро пиряхҳо дар ҳавзаи дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд.
Амалиётҳои назоратӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ
Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории моҳӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом ва шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Фирузоба ҳудуди обанбори Баҳри Тоҷик сокини шаҳри Конибодом Холиқов М. ҳангоми сайди ғайриқонунии 41 сар моҳиҳои гуногун боздошт гардид. Нисбати қонуншикан маводҳои дахлдор тартиб дода, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуд. Олотҳоимоҳидорӣ -тӯр ва қайиқи резинӣ мусодира карда шуд. Арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8 - и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 3075 сомониро ташкил дод.
Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ниҳолҳо бо обёрӣ таъмин мешаванд
Дар минтақаҳои ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ ва фароҳам овардани шароит барои сабзиши ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабзи соли равон шинонидашуда корҳои обёрӣ амалӣ гардида истодаанд. Боиси қайд аст, ки бо гарм шудани обуҳаво дар минтақаҳои камоби ноҳияи Б.Ғафуров, аз он ҷумла ҷамоати деҳоти Зарзамин, Ёва ва Ғозиён,қадди шоҳроҳои Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ва Ғафуров – Хуҷанд – Ашт ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбари дар маъракаи кабудизоркунии мавсими баҳори соли ҷорӣшинонидашуда, барои таъминот бо обёрӣ ниёз доранд. Бо ташаббус ва назорати шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия аз ҷониби масъулин ва сокинон чунин амалҳо рӯи кор омада истодааст. Маврид ба зикр аст, ки дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар афзун намудани сабзиши ниҳолҳо мувофиқи мақсад буда, амалҳои мазкур дар дигар минтақаҳои ноҳияи идома меёбад.
Обёрии хоҷагии ёрирасон — замина барои татбиқи барномаи кабудизоркунӣ
Бо мақсади татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои парвариш ва мутобиқсозии ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз ба шароити иқлимии маҳаллӣ, дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ корҳои бунёди чоҳи амудӣ оғоз ёфтанд. Чоҳи амудӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кофта шуда, обёрии наздик ба 50 гектар заминҳои атрофро таъмин хоҳад кард. Ҳадаф аз сохтмони ин иншооти муҳими инфрасохторӣ — таъмини оби доимӣ барои парвариши ниҳолҳо ва тақвияти иқтидори истеҳсолии хоҷагии ёрирасон мебошад. Дар маросими оғози кофтани чоҳи амудӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ширкат варзида, таъкид намуд, ки ин иқдом дар самти зебосозии муҳити зист, татбиқи амалии барномаҳои соҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши назаррас хоҳад дошт. Маврид ба зикр аст, ки соли равон дар доираи татбиқи Барномаи кабудизоркунӣ аз ҳисоби заминҳои фонди захиравии ноҳия 5 гектар замин ба бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҷудо гардида, дар он тадриҷан ниҳолҳои мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ шинонида мешаванд. Айни замон дар хоҷагӣ 4 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд ва дар марҳалаи пурра ба бо ниҳол парвариш ёфтани масоҳати мазкур, имкони бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин намудани то 17 нафар муҳайё хоҳад шуд.
Баргузории вохӯрӣ бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар шаҳри Истаравшан
Ҳангоми гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан, бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар толори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан» вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо донишҷӯёну омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид. Чорабинии иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва пешниҳоди маълумот дар бораи ин санаи муҳими экологӣ дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ташкил карда шуд. Дар баробари ин, рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат маълумот оид ба муаммоҳои экологии ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, захираҳои об, ҳавои атмосфера, партовҳои паластикӣ, олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва дигар вобаста ба мавзуъ пешниҳод гардид. Инчунин, дар навбати худ мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан баромад карда, муҳимияти болоравии сатҳи маърифати экологии ҷавонон ва иштироки фаъолонаи донишҷӯёнро дар чорабинию аксияҳои экологиро қайд намуд. Дар интиҳои вохӯрӣ ба китобхонаи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан» ду ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи иттилоотӣ аз номи сарраёсат тақдим карда шуд.
Страница 1 из 311