Тозагии маҳал

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд эҳтиромона ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои давлатӣ, таъмини иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супориши Шумо санаи 18 апрели соли 2020 бо ҷалби васеи аҳолӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳо аксияи “Тозагии маҳал” ва шанбегӣ гузаронида шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои Шумо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмири биною иншоотҳо, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, иншоотҳои иҷтимоию кўчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгаштҳо, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кашонидан ва ҷойгиронии партовҳо аз кўчаҳои ҷамоат ва тоза намудани ҳудудҳои манбаъҳои обӣ, насби шиору овезаҳо ба иҷро расонида шудаанд. Ҳамчунин дар доираи чорабиниии мазкур ба тартиб даровардани дарахтон, сафед намудани ҳусни зоҳирии бинову, иншоотҳо ва ба тартиб даровардани партовгоҳҳо ба иҷро расонида шуд.

     Дар “Тозагии маҳал” беш аз 16933 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, хонандагон ва донишҷўёни муассисаи таълимию тандурустӣ фаъолона иштирок доштанд. Дар рафти аксияҳо тоза намудани ҷўйбор, заҳбуру заҳкаш ба масофаи 30526 метр, тоза намудани қадди роҳҳо аз партовҳо – 7300 метр тоза ва беш аз 66,9  м3 партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ ҷойгиронида шуданд. Ҳамчунин дар доираи ҳамин чорабинӣ тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин – 14510 м2, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона ва бартараф намудани нуқтаҳои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои  бесоҳиб бо ёрии техникаҳои зарурӣ,  шинонидани дарахтони ороишию сояафкан – 530 бех, сафед намудани пояҳои дарахтон 965 бех ва сафед намудани роҳгаштҳо-210 метр  ба иҷро расонида шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://www.ecosugd.tj/ru/news/549-tozmahalshh042020.html#sigProGalleria10dd6ac963
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.