
Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар назди сойи Исфанасой, соҳили обгузари ҷамоати деҳоти Гулхона вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он раиси маҳаллаи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, намояндагони шуъбаи маориф ва мактаббачагон иштирок доштанд. Гузаронидани чунин вохӯриро дар назди ин минтақа мудири бахш ба ҷамъомадагон бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани сою каналҳо, фаъолона иштирок намудан дар аксияҳои экологӣ, гузоштани саҳми арзанда дар беҳбудии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҳисси эҳтиром ба захираҳои обӣ маънидод намуд.



Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнхои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Панҷакент ва ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Б.Ғафуров, Спитамен ва Масчоҳ аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони соҳаи маориф ва тиб, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 44785 нафар иштирок доштанд. Дар рафти
Санаҳои 15-16 феврали соли 2020 баҳри иҷрои Амри Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз 11.02.2020, №23 “Дар бораи гузаронидани ярмарка-фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо”, муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят, ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд. Дар ярмаркаи мазкур аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллиону 500 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шуд.




