Назорати ҷамъбасти Барнома дар шаҳри Гулистон

Тибқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои нимсолаи якум ва нақшаи кории МИҲД вилоят барои моҳи апрели соли равон, санҷиши рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», талаботи амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, № 228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ» ва фаъолияти Комиссияи байниидоравии МИҲД шаҳри Гулистон гузаронида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиш маводи сохторҳои дахлдори МИҲД шаҳр, аз он ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши фарҳанг, бахши кор бо занон ва оила, комиссияи оид ба ҳуқуқи кўдак, нашрияи ҳафтаномаи «Соҳил», ҷамоати шаҳраки Сирдарё, Консой ва Чоруқдаррон дида шуд. Пеш аз оғози санҷиш бо раиси Комиссияи байниидоравии маҳалӣ, муовини якуми раиси шаҳр Комилзода Н. оид ба корҳои ба иҷро расида баъд аз санҷиши соли гузашта гуфтугузор карда шуд.

Дар ҳамаи сохторҳо корбарӣ ҳаст ва маълумоти соли 2019, аз ҷумла ба унвони Раиси вилоят пешниҳод гаштааст. Дар баробари ин камбудиҳо низ ҷой доранд ва асосан дар мувофиқи бандҳо набудани ҳисобот, корбарии суст бо ВАО мебошанд. Дар рафти санҷиш бо роҳбарони ҳар як сохтор ва намояндагони ҷамоати шаҳрак сўҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, барои минбаъд ислоҳи камбудӣ ва пешниҳоди маълумоти дурусти ҷамъбастӣ тавсияҳо дода шуд.

Дар маҷмуъ, қайд карда мешавад, ки фаъолияти Комиссияи байниидоравии МИҲД шаҳри Гулистон оид ба маърифати экологӣ ба роҳ монда шуда, минбаъд бобати масъалаи мазкур корбарӣ бо рўзномаи шаҳрии «Соҳил» бояд пурзўр карда шавад.

       Қайд кардан ба маврид аст, ки нисбат ба натиҷаҳои санҷиши фаъолияти Комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба маърифати экологии соли 2019, дар соли 2020 пешравӣ дида мешавад ва дар аксарият сохторҳою ҷамоат мавод оид ба масъалаи мазкур мавҷуд мебошанд. Оид ба гузаронидани санҷиши мазкур гузориши муфассал омода гардида, ба муовини Раиси вилояти Суғд, раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ Каримзода Р.Р. пешниҳод карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.