Баҳри таъмини иҷрои бандҳои 256 ва 278-и қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмони бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бўстон соли 2020 оғоз гардида, санаи 30 июли соли 2021 дар доираи ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ карда шуд. Майдони умумии ҷудо гардида 6 сотиқро ташкил намуда, майдони зери бино 212 метри мураббаъ мебошад. Бинои бахш аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқи таҷҳизотҳои назорати аналитикӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ 52 ҷойи нишаст дошта, китобхона барои 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст. Утоқи таҷҳизотҳои назорати аналитикӣ барои ҷойгиронии таҷҳозотҳои ченкунии сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва радиатсия, ки ҷиҳати гузаронидани мониторинги экологӣ истифода карда мешаванд, ҳамагӣ 8 адад таҷҳизот.
Насби овезаи экологӣ дар ноҳияи Айнӣ
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар қадди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ки ҳамарўза ҳамчун минтақаи сернақлиёти мусофиркашон ба ҳисоб меравад овезаи экологиро бо навиштаҷоти «Тоҷикистон дар арсаи байналмилати ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст» насб намуд. Иқдоми мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Дар шаҳри Конибодом овезаи экологӣ насб гардид
Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар кўчаи Камоли Хуҷандӣ, дар назди баромад ба хиёбони марказии шаҳр овезаи экологӣ насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.
Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Гулистон
Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар маҳалаи Сарбанди шаҳр, гардиши осоишгоҳи «Баҳористон» овезаи экологӣ, тибқи супориши Кумита бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.
Нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти нимсола
Санаи 22 июли соли 2021, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зист оид ба натичаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Сухани халқ», «Суғд ҳақиқатӣ», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Меҳри замин», «Саломат бошед», «Нилуфар», «Лочин», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Суғднюс», «Спутник», радиои «Озодӣ», намояндагони телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон», ТВ Суғд, ШТР «Азия», «СМ-1» ва «Диёр», дар маҷмўъ 26 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2021 ва дигар маводи иттилоотӣ дастрас гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба санҷишҳои дар корхонаҳои саноатӣ гузаронида ва чораҳои андешидашуда, амалҳои ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳолати парваришгоҳи раёсат дар ноҳияи Шаҳристон, дар бораи пешниҳоди маблағи зарар, парвариши хук дар ноҳияи Ҷ.Расулов, сабаби хушкшавии дарахтон, хусусиятҳои дарахти магнолия, натиҷаи ҳодисаи худкушӣ дар шаҳри Конибодом, ҳолати нигоҳ доштани лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям, дарёфт намудани манбаи бӯи ғализ дар маҳаллаҳои 3, 8, 12, 13, 14 ва 15, ки қариб давоми ду соли охир аҳолиро ба ташвиш овардааст, пешгирии ифлосшавии манбаҳои обӣ, муҳити зист ва дигар масъалахои ташвишовар дар самти ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Page 131 of 311