Р
ӯзи 2 ноябр 33 нафар иштирокчиён дар шанбегӣ- экоплоггингдар гирду атрофи Боғи ботаникии Хуҷанд ширкат карданд. Ин ташаббуси дӯстдорони давидан @Dav.tj ва волонтёрони экологӣ @Ecoproaсtive дар асл ба чорабинии ғамхорӣ ба табиат табдил ёфт. Экоплоггинг - фаъолиятест, ки дар Шветсия оѓоз гардида, давиданро бо ҷамъоварии  партовњо мутаҳҳид месозад ва ҳоло дар ҷаҳон хеле маъмул гардидааст. Дар давоми 3 соат иштирокчиён зиёда аз 800 кг партовҳои гуногунро ҷамъоварӣ намуданд. Воқеан дар аксия варзишгарону фаъолон бо фарзандони худ ҳамроҳ шуданд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва бештар намудани ҳисси  ватандўстиву ғамхорӣ нисбат ба табиат мусоидат менамояд. Чорабиниро викторинаи экологӣ байни иштирокчиён,  тақдими тӯҳфаҳо  ва шириниҳо басо хотирмон намуд. Бори дигар исбот гардид, ки ғамхорӣ ба худ ва саломатии инсон  - ин ғамхорӣ ба муҳити зист маҳсуб меёбад.
Бахусус дастаҳои оилавӣ, ки аз ҳама бештар партов ҷамъоварӣ намуданд оилаи Султоновҳо (110 кг), оилаи Некбахти Орзу (76 кг) ва оилаи Перевозник (67 кГ) бо дипломи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд. Боиси хурсандист, ки баҳри беҳдошт ва тозагии муҳити атроф хоҳиш ва ташаббуси дустдорони табиат ва фаъол, ки мутахассисони пешбари соҳаи худ мебошанд, ба ҳам меоянд. Дилрабо Шукрӣ, коршинос ва мушовири созмонҳои байналмилалӣ оид ба идоракунии ҳамгирошудаи об ва омӯзиши иқлим ва Мирзодалер Мӯҳсинзода, барномасоз ва муассиси SilkRoad Professionals, сарфи назар аз кори аввалиндараҷаи худ, саъй доранд, ки ба манфиати ҷомеа волонтёрӣ намоянд, ки ин худ рӯҳбаландкунанда аст. Созмондиҳандагон ба шариконе, ки дар ташкили ин чорабинӣ саҳм гузоштанд - Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Ҳелветас Тоҷикистон, Котиботи байналхалқии захираҳои Об тар Тоҷикистон, ширкатҳои тиҷоратии @Tijorat (Magma & Rahat), Siberian Wellness дар шаҳри Хуҷанд (@zalina.wellness), қаҳвахонаи "Happy Coffee" (Мушарраф Сатторова), Маркази омӯзишии Сириус (Гузал Давлатова) Муассисаи давлатии "Маркази "Муҳофизат" изњори сипосмандӣ ва боварӣ намуданд, ки ин гуна чорабиниҳо дар оянда низ бо иштироки бештари эковолонтерон ва нафароне, ки дар тозагиву солимии табиат бетараф нестанд роҳандозӣ мегардад.

						
						
						
