04 November 2025
Экоплоггинг дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
 - Автор
 - Категория News
 
   Р
ӯзи 2 ноябр 33 нафар иштирокчиён дар шанбегӣ- экоплоггингдар гирду атрофи Боғи ботаникии Хуҷанд ширкат карданд. Ин ташаббуси дӯстдорони давидан @Dav.tj ва волонтёрони экологӣ @Ecoproaсtive дар асл ба чорабинии ғамхорӣ ба табиат табдил ёфт. Экоплоггинг - фаъолиятест, ки дар Шветсия оѓоз гардида, давиданро бо ҷамъоварии  партовњо мутаҳҳид месозад ва ҳоло дар ҷаҳон хеле маъмул гардидааст. Дар давоми 3 соат иштирокчиён зиёда аз 800 кг партовҳои гуногунро ҷамъоварӣ намуданд. Воқеан дар аксия варзишгарону фаъолон бо фарзандони худ ҳамроҳ шуданд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва бештар намудани ҳисси  ватандўстиву ғамхорӣ нисбат ба табиат мусоидат менамояд. Чорабиниро викторинаи экологӣ байни иштирокчиён,  тақдими тӯҳфаҳо  ва шириниҳо басо хотирмон намуд. Бори дигар исбот гардид, ки ғамхорӣ ба худ ва саломатии инсон  - ин ғамхорӣ ба муҳити зист маҳсуб меёбад.
Баргузории озмуни «Тирамоҳи заррин» дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
 - Автор
 - Категория News
 
  Д
ар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодом бахшида ба Иди «Меҳргон» ва ҷиҳати фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар бахши омӯзиши табиати диёр, озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки озмуни мазкур давоми моҳҳои сентябр ва октябр дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври шоиста ва дар сатҳи мунир баргузор гардида, беш аз 50 ҳазор дӯстдорони табиатро ба ҳам овард. Зиёда аз 13 сол шудааст, ки аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати  ҳифзи муҳитизист дар вилояти Суғд озмуни мазкур гузаронида мешавад ва соли ҷорӣ дар даври вилоятӣ беш аз 350 нафар ғолибони даври аввал аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.

						
						
						
