Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба огоҳии мардум дар бораи тағйирёбии иқлим ва рушди устувор

  Дар толори меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» ва дастгирии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (Jica), семинари машваратӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба огоҳии мардум дар бораи тағйирёбии иқлим ва рушди устувор» баргузор гардид. Дар кори семинари омӯзишӣ ғайр аз намояндагони Кумита, Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати Озони Агентии обуҳавошиносӣ ва намояндаи «Jica», кормандони сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва зерсохторҳо, роҳбарони Маркази обуҳавосанҷии вилоят ва Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд. Дар оғози семинар суханҳои ифтитоҳии сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоева Г., намояндаи «Jica» Узоқов Б. ва муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдумаликзода Б. шунида шуд.

  Рафти кори семинари машваратӣ баромадҳо дар бораи истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳонидани мардум оид ба тағйирёбии иқлим, нақши Маркази тағйирёбии иқлим Агентии обуҳавошиносии Кумита оид ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, аҳамияти фаъолияти Маркази обуҳавосанҷӣ дар вилоят оид ба мониторинги обу ҳаво, таҷрибаи пешрафтаи Ҷопон доир ба пешгирии тағйирёбии иқлим, мухимияти ташаккули донишҳои соҳавии мақомоти ҳифзи муҳити зист ҷиҳати тарғиби тадбирҳо оид ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, роҳҳои пешбурди тарғиботи масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор аз ҷониби Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд пешкаши иштирокдорон гардид. Ҳамчунин дар кори семинар намояндагони васоити ахбори омма иштирок дошта, барои пахши гузориш аз баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони телевизионҳои ШТР «СМ-1» ва «7-Ситора» наворбардорӣ карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.