Маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар шаҳри Конибодом

  Дар такя ба ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Конибодом маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом, намояндагони ташкилоту идораҳо дар ин маърака фаъолона иштирок намуда, дар боғи Истиқлолият ва майдони марказии Исмоили Сомонӣ дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад тибқи дастуру супориши бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар  ҷамоати деҳоти Гулхона бо ҷалби техника партови бесоҳиб безарар ва хокпӯш карда шуда, 6 м3 партов бароварда шуд.

Иштироки Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Иди Сада

  Санаи 31 январ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашни Иди Сада дар баробари дигар сохтору ташкилотҳо кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят фаъолона иштирок доштанд. Дар ярмарка фурӯш аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист ниҳолҳои дарахтони нодиру ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо ба монанди санавбар, сарви аризонӣ, сарвинози тиллоӣ дар кӯза, коҷи кабуд, шамшоди калон, палма, магнолия, булут, каштани калон, каталпаи зебо, чинор, булут, сада, бирючинаи ҷилодор, юкка, коҷи кабуд ва гулҳои мавсимӣ ба намоиш гузошта шуд. Тибқи талабот ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳо бо шиору овезаҳо ва зарфҳои махсус оро дода шуда, номгӯи ҳар яки онҳо бо навиштаҷот гузошта шуд. Дар интиҳо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист барои ҳиссагузорӣ дар ярмарка фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии зироатҳо бахшида ба Иди Сада бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилоят қадрдонӣ карда шуд.

2 феврал – Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ

 Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Шиори имсолаи Рӯзи мавзеъҳои обию ботлоқӣ - мавзеъҳои обию ботлоқӣ ва беҳбудии инсон ном дорад. Ин шиор таъкид менамояд , ки то чӣ андоза тамоми ҷанбаҳои некӯаҳволии мо бо вазъи саломатии ин экосистемаҳои  беназир алоқаманданд ва моро ташвиқ мекунанд, ки ин мавзеъҳоро  қадр ва ҳифз  намоем. Бе оби тоза мавҷудияти инсон  ғайриимкон аст ва  ин мавзеҳо манбаи муҳимтарини он мебошанд. Танҳо 2,5% оби сайёра оби тоза аст. Ва танҳо 1% ин об барои истифодаи инсоният дастрас аст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.