Б
о мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва таъмини иҷрои нақшаи амали соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар ҳафта, вобаста аз обу ҳаво чорабиниҳои шинонидани ниҳолҳои намуди ороишии ҳамешасабз гуаронида шуда истодааст. Дар шаҳри Гулистон ҳангоми ду маротиба гузаронидани аксияи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди боғи назди кӯчаи ба номи А.Ҷомӣ, дар назди дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ ва гардиши минтақаи истироҳатии шаҳр 510 бех ниҳолҳои намуди санавбар ва 200 бех намуди ардач бо иштироки раиси шаҳр шинонида шудааст. Ҳамзамон, дар даромадгоҳи ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд, раиси шаҳр ва сокинони ҷамоати шаҳрак 55 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишии санавбар шинонида шуд. Дар шаҳри Исфара чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки 350 нафар шаҳрвандон ба амал омада, дар рафти он 2000 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи ороишии санавбар шинонида шуд ва баргузории чунин чорабинӣ бо нинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз дар қадди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ноҳияи Шаҳристон низ амалӣ гардидааст. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар миқёси вилояти Суғд идома ёфта тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист то охири моҳи январ маълумоти ҳамаи ниҳолҳои давоми моҳ шинонидашуда ҷамъбаст гардида, минбаъд оғоз аз моҳи феврал шаҳру ноҳияҳо оид ба рафти иҷрои нақшаи ниҳолшинонии соли 2026 дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳар 10 рӯз ба сарраёсат маълумоти хаттӣ пешниҳод менамоянд.
Дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Ҷ.Расулов амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» гузаронида шуд
Б
о тағйир ёфтани обу ҳаво, паст фаромадани ҳарорат ва боришоти барф масъалаи беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои фасли зимистон ба миён омада, гузаронидани амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» идома дода шуд. Бо иқдом ва иштироки нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия дар ҳудуди мавзеъи «Хуррамдара» ва «Дараи сабз» корҳои биотехникӣ ба амал омад. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи сукунати олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар сармои фасли зимистон, ҳангоми баргузории амалиёт минтақаҳо ва маконҳои зисти ҳайвоноти ваҳшӣ бо хӯроки иловагӣ ба миқдори резаи гандум ва ҷав – 250 кг-мӣ, маккадона ва намак - 50 кг-мӣ, сабзӣ - 150 кг, карам ва картошка - 500 кг-мӣ, 15 ададӣ бастаи каҳ ва беда таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Ҷ.Расулов низ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон дар минтақаҳои кӯҳии ноҳия корҳои биотехникиро гузарониданд. Дар ҷойҳои сукунати намудҳои гуногуни ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон ҳаҷми таъминот бо хӯроки иловагӣ 200 кг гандум, 100 кг сабӯс ва 16 адад бастаи алафро ташкил намуд. Дар баробари ин бо мақсади пешгирии шикор ва сайди ғайриқонунии моҳӣ аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов, дар минтақаҳои соҳили дарёи Сир амалиёти назоратӣ гузаронида шуда, дар рафти он байни шикорчиёну моҳидорони ҳаваскор доир ба қоидаҳои амалкунанда ва талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот корҳои фаҳмонидадиҳӣ амалӣ гардид.
Дар як қатор муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дарсҳои экологӣ оғоз гардид
И
қдоми мазкур аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» пешбинӣ ва амалӣ гардида, ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги муносибати масъулона ба табиат дар ҷомеаро дошт. Дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гуруҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва Раёсати маорифи вилоят дар 5 муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон, ки дар доираи лоиҳа ҳамчун пилотӣ интихоб гардидаанд, машғулиятҳои нави экологӣ ба таври озмоишӣ роҳандозӣ карда шуд. Барои гузаронидани дарсҳои экологии мазкур дар ҳамкорӣ бо методистон ва мутахассисони Раёсати маорифи вилоят махсусан як дастурамал - «Роҳнамо оид ба тарбияи экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» давоми соли 2025 таҳия гардид, ки минбаъд ҷиҳати шавқовар, дастрас ва бо тарзи муосир ташкил намудани машғулиятҳо ба мураббиёни кӯдакистонҳо кӯмак мерасонад.
Идомаи корҳои биотехникӣ дар доираи амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» дар шаҳри Панҷакент
Д
ар шаҳри Панҷакент аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар мавзеъи «Чиларча»-и ҷамоати деҳоти Саразм ва мавзеъи «Парваришгоҳи шаҳри Панҷакент» корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Бо мақсади таъмини олами ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ бо хӯроки иловагӣ 300 кг гандум, 350 кг ҷав, 100 кг оқшоқ, 200 кг маккадона, 350 кг хӯроки омехта (комбикорм), 150 кг намак ва 90 кг сангнамак, 80 халта сабӯс, 50 ададӣ бастаи каҳ ва алаф харидорӣ гардида, дар талу теппаҳо ва доманакӯҳҳои мавзеъҳои мазкур, ки минтақаи сукунати ҳайвоноти ваҳшӣ ва намуди бисёри парандаҳо, аз ҷумла кабк ба ҳисоб меравад пошида шуд. Тибқи маълумоти мутахассисону коршиносон то айни ҳол талафоти ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳавои фасли зимистон ба қайд гирифта нашудааст.
Еще статьи...
- «Паём – кафили зиндагии шоистаи мардум» - ҳамоиши омӯзишӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Тадбирҳо баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист дар шаҳри Конибодом
- Амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд
- Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд


