Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., роҳбарияти сарраёсат, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, сармутахассисон ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботиву таҳлилӣ бо сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо оид ба фаъолияти мақомот дар нимсолаи якум музокира намуда, фаъолияти мақомотро дар умум қаноатбахш арзёбӣ намуд, ҳамзамон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳодод.
Маҷлиси тантанавӣ дар Маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон доир ба таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар Маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Гулистон Муҳаммадзода Д., намояндагони корхонаву ташкилотҳо гузаронида шуд. Мудири бахши ҳифзи муҳити зист Комилзода Ҷ. ва муовини якуми раиси шаҳри Гулистон Муҳаммадзода Д. , зимни баромадҳои худ оид ба ин санаи экологӣ, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, баромад намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, коҳиши раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош меварзанд.
Саҳми ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати экологӣ
Бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи байналмилалии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар бозори марказии ноҳияи Масчоҳ аксияи ташвиқотиву тарғиботӣ ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷи кишоварзии ноҳияи Масчоҳ ба аҳолӣ буклету варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба ифтихори Рўзи байналмилалии муҳити зист
Рўзи байналмилалии муҳити зист дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои таъмини амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла пок нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифз ва самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхњо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст.