Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон

  Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, иҷрои нақшаи корӣ, бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия дар минтақаи “Дараи сабз” корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори 200 кг картошка, 115 кг резаи гандум ва ҷав, 100 кг лаблабу, 100 кг себ, 150 сабус, 50 кг намак, 25 адад бастаи беда ва 25 адад бастаи коҳ истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.

Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани аксияи "Тозагии шоҳроҳ" давоми 2 рӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамоати деҳоти Деҳмой деҳаи Заркор шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аксияи "Тозагии шоҳроҳ" ташкил  ва гузаронида  шуд. Дар аксия беш аз 500 нафар аҳолии ҷамоатҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагони 4 муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳия, фаъолона иштиирок намуда, кариб 20 м3 партов бароварда шуд.

Аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Дарахти ман сарсабзии Тоҷикистон аст!»

  Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҷавонону варзишгарон дар доираи аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Дарахти ман сарсабзии Тоҷикистон" бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атроф, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ҳашари тозагӣ ва корҳои ободонӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ тоза намудани гирду атрофи бинои муассисаву толорҳо, ҷӯйборҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан, буридани шохҳои дарахтони хушкшуда ва ҷамъ намудани партовҳо ба анҷом расонида шуд. Аксия дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалистони шаҳр ва хонандагони Литсейи касбии политехникии шаҳр дар Боғи Ғалаба  баргузор гардид.

Аксияи экологӣ оид ба бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Зафаробод

  Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод беш аз 22 ҳазор аҳолӣ дошта, дар натиҷаи ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ дар ҷойи ғайрирасмӣ муаммои экологии ташаккул ёфтани нуқтаи калони партовҳои бесоҳиб ба миён омадааст. Бо мақсади бартараф намудани нуқтаи мазкур бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ва якҷоя бо КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ин минтақа аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида  шуд. Дар рафти аксия ғайр аз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва корхонаи хоҷагии коммуналӣ 20 нафар сокинони ҷамоати шаҳрак иштирок намуда, бо истифодаи техникаи махсус 12 адад нақлиёти боркашонии тамғаи «Дулан» партовҳои бесоҳиб ба партов-гоҳи марказии ноҳия бароварда шуд. Ҳаҷми умумии партовҳои интиқолдода 180 метри мукаабро ташкил намуда, минтақаи мазкури ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳия бо пуррагӣ тоза гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.