Аксияи экологӣ бо иштироки ҷавонони шаҳри Гулистон

  Ҷиҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» шарики рушди асосии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ин Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ба ҳисоб рафта, дар соли равон тибқи нақшаи пешбинигардидаи ҳамкорӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаст. Кормандони сарраёсат якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятӣ дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон аксияи экологӣ гузарониданд, ки дар рафти чорабинӣ тоза намудани боғи истироҳатии шаҳр аз партовҳои гуногун бо гузоштани 2 адад қуттии декоративӣ барои ҷойгиронии муваққатии зарфҳои пластикӣ, аз он ҷумла 1 адад дар обутобгоҳи марказии соҳили обанбори Баҳри Тоҷик ва гузаронидани викторина бо ҷавонон амалӣ гардид.Боиси қайд аст, ки дар интихоби ҷойи баргузорӣ ва ташкили иштирокдорон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон саҳм гузошта, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо намояндагони телевизиони вилояти Суғд низ фаъолона ширкат варзиданд.Баргузории чунин аксияи экологӣ моҳи минбаъда дар дигар минтақаи ноҳияи вилоят идома меёбад.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар миқёси вилоят аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» мунтазам доир гардида истодааст. Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки хонандагони гимназияи 13, МДТ Литсейи касбӣ политехникии 31 ва 53, донишҷуёни факултаи химия ва биологияи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров беш аз 600 нафар гузаронида шуд. Рафти аксия  қадди роҳ ва ҷӯйборҳо аз партовҳои гуногун (10 м3) ва алафҳои бегона пурра тоза карда шуд.

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар шаҳри Конибодом

  Давоми соли равон мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҳамкориро бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри  Хуҷанд дар татбиқи лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалзори тӯқай ва намудҳои ҳайвоноти зери маҳвшавӣ қарордошта дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» идома дода истодаанд. Дар толори Коллеҷи технологӣ ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодомҷаласаи гурӯҳикорӣ оид ба ташаккули «Нақшаирушди ҷангалзори тӯқайи минтақаиобиюботлоқии болооби обанбори «БаҳриТоҷик» баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ғайр аз намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ташкилоти ҷамъиятӣ, коршинос – эколог, намояндагониҶамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳр, ҷамоати деҳот ва шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом иштирок доштанд. Боиси қайд аст, ки баргузории ҷаласаи мазкур ба муҳокимаи натиҷаҳои корҳои ба сомон расонида дар давоми як соли амалӣ гардидани лоиҳа ва муайян кардани нақшаи фаъолият то охири соли 2023 бахшида шуд. Тибқи барномаи ҷаласаи гурӯҳикорӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат, кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», коршинос – эколог ва директори Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳр ба иштирокдорон дар бораи ҳолати корбарӣ ҷиҳати муайян ва қабул намудани мақоми «минтақаи махсус муҳофизатшаванда» барои ҷангалзори тӯқаи минтақаи Конибодом, аз он ҷумла номгузории он,рафти амалигардонии лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалҳоитӯқайванавъҳоизерихатари минтақаиболообиобанбори Баҳри Тоҷик»,кор бо хонандагони мактабҳои шаҳр дар самти баланд бардоштани донишиэкологӣ, натиҷаҳои гузаронидани тадқиқот оид ба «Таҳлили арзиши умумии иқтисодии функсияҳои экосистемавии минтақаи обию ботлоқӣ»,шиносоӣ бо ҳолати ҷангалзори тӯқай ва минтақаи мазкур, мушкилоти мавҷудбуда ва роҳҳои ҳалли онҳо баромаду презентатсияҳо пешниҳод гардид.

Назорати рафти иҷрои Барномаи давлатӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом

  Бо мақсади назорати рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, № 116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва аз 22.10.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», моҳи апрели соли ҷорӣ фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва шаҳри Конибодом, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд ва ҳамзамон фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар минтақа санҷида шуданд. Рафти гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ дар шаҳр маводи ҷойдошта мавриди санҷиш қарор гирифта, инчунин бо ҳар як роҳбар ё намояндаи сохторҳо, хусусан ҷамоати шаҳраку деҳот дар алоҳидагӣ сӯҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд. Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани санҷиш ва ҷиҳати такон бахшидани раванди иҷрои қарорҳои болозикр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.