Рейди фаврӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ

   Ҳангоми гузаронидани рейди фаврии муштарак аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд,   дар ҳудуди  ноҳияи Ашт ҷамоати деҳоти Шодоба автомашинаи тамғаи Опел, ки аз самти ҷамоати деҳоти Ориён ба самти деҳоти Қаҳрамон ҳаракат мекард, манъ карда шуда  дар бағочи  автомашина 8 адад моҳии навсайдшуда ошкор гардид. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ маълум гардид, ки  шаҳрванд  Содиқов А.О. - сокини н.Ашт, ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи соҳили сир, дар давраи манъи сайди моҳӣ ғайриқонунӣ бо шикори моҳӣ машғул шудааст. Арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 5440 сомониро ташкил дода, аз тарафи  прокуратураи ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.

Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023 аз тарафи кормандони  бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом  амалиёти шабонарузӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёт шаҳрванд Холматов Р.К. барои ғайриқонунӣ сайд намудани моҳӣ дар давраи манъи тухмигузории моҳӣ ошкор гардида, маводҳои тартибдодашуда  барои андешидани  чораҳо ба прокуратураи шаҳри Конибодом  ирсол карда шуд.

Нисбати қонунвайронкунандагон дар доираи талабот чораандешӣ карда шуд

  Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратии ҳамҷоя бо прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсат ҳолати ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва замин бо поруи хук аз фаъолияти фермаи хукпарварӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, деҳаи Боғи боло ошкор гардид. Маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маълумотномаи Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, инчунин санади азназаргузаронӣ ва ҳисоби зарари ба табиат расонидашуда аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Темиров Я.А. барои чораҷӯӣ ва қабули қарори қонунӣ ба Прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа нисбат ба соҳибкор парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 226, 228 -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд. Дар баробари ин тибқи моддаҳои 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаи 14, 27, 48-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худсарона истифода бурдани обҳои рӯизаминӣ бе иҷозати истифодабарии махсуси об ва ифлос намудани замин бо пору нисбат ба гунаҳгор 11 ҳазору 263,94 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод ва он ба пуррагӣ ба манфиати давлат ситонида шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

  Мувофиқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент  амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 20 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.