Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур якҷоя бо идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд аввалин барномаи телевизионии «Муҳит» таҳия ва пахш гардид. Дар он масъулини вобастагардида - намояндагони Раёсати маориф, Раёсати кор ба ҷавонон ва варзиш ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок доштанд. Намоиш ба муаррифии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бахшида шуда, мақсад ва ҳадафҳои қабул шудани он арзёбӣ гардид. Барномаи мазкур давоми сол таҳия гардида, пурра ба масъалаҳои экологӣ бахшида мешавад.
Шонасарак – паррандаи соли 2018
Шонасарак дар саросари олам чун паррандаи афсонавӣ машҳур мебошад. Дар тамоми мамлакатҳои Шарқу Ғарб ва Осиё шонасаракро дидан мумкин аст. Соли гузашта дар Федератсияи Русия соли ҳудҳуд эълон гардида буд. Ба ақидаи паррандашиносони ҷаҳон шонарасак паррандаи ғайриоддӣ низ мебошад. Зеро рафтору хусусиятҳои биологии шонасарак хеле аҷибанд. Шонасарак лонаашро ба таври алоҳида сохта, ба чуҷаҳояш аз хурдӣ тариқи ёфтани туъмаро меомӯзад. Аз ҷониби дигар, шонасарак санитари табиат низ мебошад. Онҳо кирму дигар ҳашаротҳои зарарнокро нест карда, ба муҳити зист фоида меоранд. Дар бораи тоҷи шонасарак ва ҳаёти он дар миёни мардуми дунё ва фолклори халқҳои гуногун нақлу ривоятҳои зиёде ҷой доранд. Ба қавли мардуми соҳили Волга замоне гӯё ҳудҳуд шоҳи паррандагон будааст. Аммо ӯ хостааст, ки худои тамоми паррандагон бошад. Аз ин рафтори ҳудҳуд худо ба ғазаб омадааст ва оқибат лонаи вай ба манзили буйнок табдил ёфтааст. Дар миёни халқҳои Кафкоз низ ривоятҳои зиёде то ҳол боқӣ мондаанд, ки зиракиву доноии шонасаракро ситоиш намудаанд.
Ҷаласа семинари бозомӯзӣ
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ, иҷрои бандҳои қарори Мушовараи Кумита аз 9.01.2018 санаи 25 январи соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон бо иштироки кормандони Раёсат ва зерсохторҳои он семинари бозомӯзӣ доир гардид. Тибқи барномаи семинар аз тарафи баромадкунандагон оиди нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Кодекси одоби хизматчии давлатӣ» ва «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор 2018-2028» баррасӣ гардид.
Аксияи “Тозагии маҳал”
Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тибқи иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардидаанд, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштан ва беҳбудии муҳити зист 20 январи соли равон дар ш.Хуҷанд аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.
Дар аксия кормандони кӯдакистони Президентӣ, литсейи политехникӣ, Маркази дилу шараён, беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ, коллеҷи тиббӣ, литсейи касбӣ – техникии № 44 ва 56, кумитаи маҳаллаи Раззоқ, омӯзгорони мактаби ғайридавлатии “Сафина”, таваллудхонаи вилоятӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонон барои ҳифзи муҳити зисти атроф”, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бустон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ҳамагӣ 18034 нафар иштирок доштанд.