Бунёди боғи интенсивии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Санаи 3 марти соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода , муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, раиси ноҳияи Б.Ғафуров Зариф Вализода, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист  дар майдони  1 га  боғи  интенсивӣ  бунёд  намуданд.

Ин тадбир дар асоси талаботи барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, дар пайравии иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ дар ноҳияи Хисору Хуросон рӯи кор омадааст.

Шанбегӣ дар Раёсат

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва барқияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ, шанбегиҳо ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати ҳифзи муҳити зист ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар минтақаҳои шаҳру ноҳияҳо аксияҳои «Ободонии маҳали зист»-ро баргузор намуда истодааст.

Санаи 27 феврали соли равон кормандони Раёсат шанбегиро дар худи Раёсат ва хиёбони Р.Набиев назди корхона гузарониданд. Дар рафти шанбегӣ ниҳолҳои дарахтхои ороишӣ шинонида шуда, шохаҳои хушки дарахтон бурида ва дарахтон сафед карда шуданд,  партовҳо бароварда шуд.

Баргузории шанбегиҳо дар ҳафтаҳои оянда низ ба нақша гирифта шудааст.

Семинари сайёр таҳти унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст»

24 феврали соли равон дар маркази таҳсилоти иловагии  ш.Истаравшан семинари сайёр таҳти унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи ватан аст» бо мушовирон ва роҳбарони маҳфилҳои табиатдӯстон доир гардид. Дар он намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Зафаробод, Шаҳристон, Спитамен, Масчоҳ, Ғончӣ, Б.Ғафуров иштирок доштанд. Дар семинар татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ҳадаф ва вазифаҳои қабул шудани Барнома ва амалӣ намудани дастурҳои методӣ дар фаъолияти шӯъбаҳои «Табиатдӯстон»   мавриди  баррасӣ  қарор гирифт.

Баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ

Санаҳои 20-21 феврали соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ярмарка – фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Дар оназ тарафи хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ, муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, хоҷагиҳои ниҳолпарварии шахсӣ, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 879 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, дар  ярмарка –794,2 ҳазор бех дарахтони мевадиҳандаи гуногуни хушсифат, 35,0 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкани пурқимат ва 50 ҳазор бех гулу гулбуттаҳои зебо пешниҳод карда шуд.

Дар рафти гузаронидани ярмарка аз тарафи олимону мутахассисони соҳавӣ оиди шинонидани ниҳолҳову дарахтон вобаста ба шароити маҳал ба харидорон тавсияю пешниҳодҳои мушаххас дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.