Шоҳин яке аз парандагони нодири соҳибчангол ба ҳисоб меравад, ки дар гузашта ашрофзодагон ҳамчун парандаи шикорӣ истифода мебурданд ва сабаби шоҳин ном гирифтани он низ дар ҳамин аст. Он дар минтақаҳои биёбонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Африкаи Шимолӣ паҳн гардидааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон дар қаторкуҳҳои Туркистон, Зарафшон, доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор, нишебиҳои қаторкуҳҳои Боботоғ, Оқтоғ, Қаротегин, Ҳазратишоҳ ва Дарвоз вомехӯрад.
Муҳити хоси сукунати шоҳинҳо нишебиҳои харсангдор, шахҳо, ҷариҳои гилдори кӯҳӣ ба ҳисоб мераванд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ шоҳин дар баландиҳои 1800 метр аз сатҳи баҳр лона мегузорад. Дар фасли зимистон он ба водии дарёҳо кӯчида, баъзан дар атрофи маҳаллаҳои аҳолинишин маскан ихтиёр мекунанд.