Дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
Дар истироҳатгоҳи тобистонаи бачагонаи “Вохӯрӣ”-и н.Б.Ғафуровкормандони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров бо истироҳаткунандагон – наврасон ва мураббиёни онҳо, ки ҳамаги зиёда аз 100 нафарро ташкил доданд, вохӯрӣ ташкил намуданд.
Кормандони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ба наврасон дар бораи нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ, иштироки наврасон дар чорабиниҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист сухан намуданд.



Б
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кўкнор - 2019» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиии моҳиҳо ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳиҳо, аз 1 апрел то 15 июни соли ҷорӣ сайди моҳӣ дар ҳавзаи дарёи Сир, обанборҳо, дарёҳо, сойҳо ва кӯлҳои дар ҳудуди вилояти Суғд воқеъ буда аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеъӣ, новобаста аз шакли моликияту тартиби идоракунии онҳо