Ифтитоҳи расмии КШН «М&Р»

Санаи 28 сентябри соли 2019 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ифтитоҳи расмии Клуби шохмотбозони навраси «Ману меҳр ва Рустам» («М&Р») баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода С., раиси Ҳизби Аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Р., намояндагон аз МИҲД вилояти Суғд, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Боиси қайд аст, ки Клуби шохмотбозони наврас аз ҷониби Мунъимҷон Абдусамадов ташкил ва кушода шудааст, ки ҳамзамон он кас сарвари Клуби мазкур мебошанд. Солҳои тўлонӣ, то ба нафақа рафтан Абдусамадов М. дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об фаъолият карда, ҳамчун олим саҳми босазо гузоштаанд.

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Деваштич

Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба идҳои давлатии миллӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда истодааст.

    Дар давоми ҳафтаҳои охири моҳи сентябр дар ҷамоати шаҳраку деҳоти Ғончӣ, Ғазантарак, Яхтан ва Муҷун ҳашару шанбегиҳо, аз он чумла аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур 950 нафар аҳолӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа ба ғайр аз тоза намудани минтақаҳо аз партов, ҳамчунин 1,2 км роҳҳо сафолакпўш ва 2,5 ҳазор метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ ташкил ва иҷро карда шуд.

«1300 рўзи меҳнати зарбдор дар ноҳияи Спитамен»

Баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Спитамен аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардида истодааст. Ҳафтаи гузашта чунин чорабини дар ҷамоати деҳоти Куруш гузаронида шуд, ки дар он беш аз 1,5 ҳазор нафар аҳолӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа кўчаҳои марказӣ, ҳудуҳои назди нуқтаҳои савдо ва муассисаву корхонаҳо аз партов, ҳамчунин ҷўйборҳо аз лойқа тоза карда шуда, дар маҷмуъ қариб 10 тонна партов ба партовгоҳ бароварда шуд.

Ҳифзи ҳавои атмосфера – вазифаи муқаддаси мо

Дар қаламрави Ватани азизи мо теъдоди нақлиёт сол аз сол зиёдшуда истодааст. Бо баробари ин ҳаҷми партовҳои ба ҳавои атмосфера ихроҷмегардида низ меафзояд. Дар шоҳроҳи Конибодом – Хуҷанд аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом, якҷоя бо нозирони БДА бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣ ва санҷиши дуднокии нақлиёт амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар натичаи санҷиши 34 адад нақлиёти тамғааш гуногун, аз меъёрҳои амалкунанда зиёд будани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар 8 адад нақлиёт ба қайд расид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.