Яке аз аъзоёни «Нозирони Сабз»-и шаҳри Истаравшан Маҳмудӣ Меҳрафрӯз ҳамчун волонтёри содиқу вафодор, пайравони асили Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёрӣ ба ман чӣ дод?» иштирок намуда, мақоми сеюмро ишғол намуд. Паи ду сол аст, ки Маҳмудӣ М. аъзои раванди «Нозирони Сабз»-и шаҳри Истаравшан буда, дар ҳама чорабиниҳои вилоятиву шаҳрӣ фаъолона иштирок менамояд. Ӯ дар олимпиадаи шаҳрӣ аз фанни физика низ ҷои аввалро ишғол намуда, инчунин дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», дар даври шаҳрӣ ҷои сеюмро аз рӯи номинатсияи «Физикаи типи нав» ишғол намудааст. Минбаъд, мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф». Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд барои васеъ гардидани доираи аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз», аз он ҷумла волонтёрон бо муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам корбарӣ менамоянд.




ӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб
анаи 30 январ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашни Иди Сада дар баробари дигар сохтору ташкилотҳо кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят фаъолона иштирок доштанд. Дар ярмарка фурӯш аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист ниҳолҳои дарахтони нодиру ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо ба монанди санавбар, сарви аризонӣ, сарвинози тиллоӣ дар кӯза, коҷи кабуд, шамшоди калон, палма, магнолия, булут, каштани калон, каталпаи зебо, чинор, булут, сада, бирючинаи ҷилодор, юкка, коҷи кабуд,гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои мевадиҳанда олуча, зардолу, олу, олучаи куҳӣ ба намоиш гузошта шуд. Тибқи талабот ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳо бо шиору овезаҳо ва зарфҳои махсус оро дода шуда, номгӯи ҳар яки онҳо бо навиштаҷот гузошта шуд.



