Ифтитоҳи Маркази ташхиси экологӣ дар назди факултети геоэкология ва туризм дар вилояти Суғд

  Дар заминаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ректор Усмонзода А.И., мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Султонӣ Т., директори Намояндагии Котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оливе Норманд, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ., ва дигар шахсони масъул Маркази ташхиси экологӣ бо озмоишгоҳи таълимӣ дар назди факултети геоэкология ва туризми ифтитоҳ гардид. Тавассути ҳамкории устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм бо Намояндагии Котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази ташхисии экологӣ ба маблағи наздик ба 300 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти техникӣ барои гузаронидани ташхисҳои лаборатории оби ошомиданӣ ва партовобҳо, ташхиси партовобҳо дар шароити саҳроӣ туҳфа карда шуд. Таҷҳизоти муҷаҳазшуда иборат аз мултиметр, спектрофотометр, автоклав, тарозу бо хушккунӣ, яхдони статсионарӣ, яхдон барои корҳои саҳроӣ, спектрофотометри бисёрфунксионалӣ, дистилятор, комплекти таҷҳизот барои ташхиси бактериологӣ, маҷмӯи зарфҳои химиявӣ ва биологӣ барои гузаронидани ташхис, комплекти реактивҳои химиявӣ, маҷмӯи таҷҳизот барои ташхиси бактериалӣ ва ғайра иборат мебошад.

   Чунин таҷҳизотҳо имкон медиҳад, ки дар Маркази зикрёфта машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ аз фанҳои “Экспертизаи экологӣ”, “Экологияи амалӣ”, “Ботаника бо асосҳои экология”, “Гидроэкология”, “Физиологияи растаниҳо”, “Фитопатология”, “Экологияи хок”, “Экологияи кишоварзӣ” ва ғайра гузаронида шаванд. Инчунин, бо таҷҳизотҳои номбурда имконияти ташхиси таркиби химиявӣ, физикӣ, микробиологӣ ва бактериалии намунаҳои оби ошомиданӣ, партовобҳои маишӣ, партовобҳои саноатӣ, ченкунии сатҳи садо, таркиби ҳавои атмосфера, сатҳи радиатсия ва ғайра муайян карда шавад. Аллакай, дар Марказ машғулиятҳои амалӣ дар ҳаҷми 18 соат, лабораторӣ – 24 соат гузаронида шудаанд. Ғайр аз он, гурӯҳи муҳаққиқон аз ҷумлаи устодон, магистрантон ва донишҷӯён зиёда аз 140 намунаҳои оби ошомиданӣ ва партовобҳоро ташхис намудаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.