Ҷалби сокинони ноҳияи Деваштич ба тоза намудани шоҳроҳ

  Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ яке аз шоҳроҳҳои асосии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо воситаи он сокинони кишварамон ва меҳмонон рафту омади бисёр доранд. Бинобар он, назорати мунтазам тозаю озода нигоҳ доштани шоҳроҳ ба вазифаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дохил гардида, зерсохторҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ки аз дохили шаҳру ноҳияҳои онҳо шоҳроҳ мегузарад тадбирҳои заруриро меандешанд. Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо ҷалби 85 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия ва намояндагони ташкилоту муассиса дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ аксияи экологии «Тозагии шоҳроҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар натиҷаи иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоат 23 км шафати роҳҳои нақлиётгард аз партовҳои гуногун тоза гардида, 2,1 тн партов бо техникаи махсус ба партовгоҳи марказии ноҳия интиқол гардид. Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти иттилоот ва маориф бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич бо намояндагони васоити ахбори омма корбарӣ карда, рафти баргузории аксия аз ҷониби кормандони телевизиони ҷумҳуриявии «Синамо» наворбардорӣ гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки ташкили мунтазами чунин чорабиниҳо ба беҳтар намудани вазъи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.