Бо самимияти афзун Шумоёнро бо фарорасии ин санаи муборак, яке аз шарти асоситарини давлатдории мустақил, шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи обод ва нерўи таконбахши ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегуям. Аҳамияти таърихӣ ва бузурги қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар он зоҳир мегардад, ки тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ муаррифӣ намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад».





Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар километри 93 – 95 шоҳроҳи Душанбе – Айнӣ ҷойгир намудани ғайрирасмии партовҳо наздик ба соҳили Фондарё ошкор карда шуд. Дар натиҷаи корбарӣ муайян гардид, ки партовҳоро сокини ноҳия Азизов Ҷовидон ба ҷойи ғайрирасмӣ партофтааст, ки ба нуқтаи таъмири чархҳои нақлиёти ў наздик мебошад. Барои вайрон кардани талаботи қонун нисбати шаҳрванди мазкур бо моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд ва ҷазои ҷаримабандӣ амалӣ мегардад. Ҳамзамон, мувофиқи пешниҳод кормандони ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ партовҳои шафати шоҳроҳро тоза кардаанд.