Октябрь 2021
28 Октябрь 2021
Баргузории вохӯрӣ ва аксияи экологӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 26 октябри соли 2021 дар ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Сафӣ» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҷаҳон бидуни маҳсулоти пластикӣ», ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии Юнисеф дастгирӣ карда мешавад, вохӯрии иттилоотӣ дар толори бинои ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳия ва аксияи «Ояндаи бидуни пластикӣ» дар бозори марказии ҶДММ «Фаровон» баргузор гардид. Дар вохӯрии иттилоотӣ омӯзгорону хонандагони ҶДММ «Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров» ва намояндагони ҷамоати шаҳрак иштирок доштанд. Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баромад карда, доир ба зарари маҳсулоти пластикӣ ва ташкили коргоҳҳои коркарди чунин партовҳо маълумоти муфассал пешкаши иштирокдорон намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур бо мақсади паст намудани таъсири зарари маводи пластикӣ ба саломатии инсон ва умуман ба ҷомеа роҳандозӣ гардидааст. Дар навбати худ роҳбари ТҶ «Сафӣ» оид ба мақсади асосии лоиҳа, минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ ва аз матоъ сухан карда қайд намуд, ки татбиқи лоиҳа барои коҳиш ёфтани партовҳои пластикӣ, хусусан халтаҳои полиэтиленӣ имкон медиҳад.
26 Октябрь 2021
Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Панҷакент озмуни шаҳрии «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун муассисаҳои таълимии шаҳр бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ ширкат варзиданд. Мактаббачаҳо гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи заррин, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт, расмҳои бо ғалладонаҳо тасвиркардаву бо ресмонҳо кашидашуда оро дода буданд. Озмуни «Тирамоҳи заррин» бо суханони ифтитоҳии директори Маркази таҳсилоти иловагии № 1-и шаҳри Панҷакент оғоз гардида, дар бораи ҳадафи баргузории озмун, шартҳои он ва ҳайати ҳакамон муаррифӣ карда шуд. Озмун аз рӯи 5 шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводи табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, маводи видеоӣ оид ба корҳои иҷрошудаи гуруҳи нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд.
21 Октябрь 2021
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳтар намудани вазъи экологӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар шоҳроҳи Хуҷанд – Исфара дидбонгоҳи “Нурафшон” амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 35 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол карда шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист дар асоси нақшаи кории Раёсат кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва назорати таҳлил бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд. Рафти амалиёт зиёда аз 50 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд. Амалиёти мазкур тариқи телевизионҳои шабакаи якум ва “Синамо” наворбардорӣ карда шуд.
19 Октябрь 2021
Семинар доир ба «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд давоми ду рӯз бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баргузор гардид. Дар семинар масъулони татбиқи Барномаи мазкур, аз ҷумла намояндагони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, КҲФМГ, устодони донишкадаву донишгоҳ, воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Рафти семинар сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоева Г., намояндаи САҲА М.Камарова, коршиносон С.Содиқова ва О. Шарипова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба муҳити атроф» – Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд Мамадов И., намояндагони раёсати маориф, донишгоҳ ва донишкада, раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вобаста ба татбиқ ва паҳлуҳои гуногуни «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баромадҳо намуданд.
13 Октябрь 2021
Фаъолияти 9-моҳаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд натиҷагирӣ гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Санаи 12 октябри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ , сардори Раёсат Абдуаҳад Ҳакимзода, сардорони шуъбаҳои назоратӣ сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон шунида шуд. Муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ ва сардори Раёсат Абдуаҳад Ҳакимзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо доданд. Ҳамчунин баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолият дар соли 2021 қайд карда шуд.
08 Октябрь 2021
Забони модарӣ - асоси ҳувияту худшиносии миллӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандон ва омӯзгори коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Тоҷибоева М. баргузор гардид. Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо суханони ифтитоҳӣ кормандонро бо санаи таърихӣ муборакбод намуда, таъкид намуд, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ татбиқи сиёсати давлатии забон рушд ёфта, дар Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид. Намояндаи коллеҷи омузгорӣ ҷиҳати татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст, маълумоти муфассал дод. Рафти маҷлис хотиррасон гардид, ки забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва ойинаи ибратбахши рӯзгори мардуми тоҷик аст.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандон ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Фарвардин» Солеҳзода Т. баргузор гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент маҷлиси тантанавиро оғоз намуда, оид ба қадиму пурғановат ва аҳамияти оламшумул доштани забони тоҷикӣ қайд намуд. Имрӯз бо шарофати сиёсати заковатмандонаи Пешвои муаззами миллат сулҳу амонӣ ва меҳнати бунёдкоронаи хурду калони кишвар, диёри соҳибистиқлоли мо рӯз аз рӯз ободу зеботар гардида, дар ин раванди бунёдкориву созандагӣ забони тоҷикӣ низ таҳкими тоза меёбад. Бояд гуфт, ки забон низ аз барӯмандтарин муқаддасоти миллат буда, онро баробари Ватану Модар эҳтиром бояд кард. Сипас, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Фарвардин» Солеҳзода Т. баромад намуда, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст, фаҳмонида дод. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон пайваста тадбирҳои иловагиро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз онҳо таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забони давлатӣ мебошад.
Забон ҳастии миллат
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ маҷлис бо иштироки кормандони бахш ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Соқиев С. доир гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Боқиев Б. ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, оид ба арҷгузорӣ ва гиромидошти забони тоҷикӣ сухан кард. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Соқиев С. ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» баромад намуд. Рафти маҷлис кормандони бахш ба саволҳои худ оид ба забон ва талаботҳои қонун ва Қоидаи имлои забони тоҷикӣ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
06 Октябрь 2021
«Забон бақои миллат»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун «Рўзи забони точикӣ» дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣ қарор мегирад. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд машғулияти омӯзишӣ оид ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст доир гардид. Дар машғулият дотсент, номзади илмҳои филологии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоева З.С. иштирок намуд.