«Забон бақои миллат»

  Ҳамасола 5-уми октябр  ҳамчун «Рўзи забони точикӣ» дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад,  ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣ қарор мегирад. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд машғулияти омӯзишӣ оид ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст доир гардид. Дар машғулият дотсент, номзади илмҳои филологии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоева З.С. иштирок намуд.

  Рафти машғулият ба ҳозирин Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст, фаҳмонида дода шуд. Ҳамчунин оид ба таркиби луғавии забон, истифодаи фарҳанги забони тоҷикӣ, аломатҳои китобатӣ, тибқи талаботҳои қарор ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ, ки барои дуруст навиштани маълумотҳо аҳамияти ҷиддӣ дорад, қайд карда шуд. Дар интиҳо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ба саволҳои худ ҷиҳати тағйиру иловаҳо, ки дар қарори мазкур омадааст ҷавоби муфассал гирифта, иброз намуданд, ки дар фаъолияти худ конуни мазкурро риоя намуда, барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.