18 Июнь 2021

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Панҷакент

  Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар сойи Зевон селроҳаи маркази шаҳри Панҷакент аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия донишҷӯёни Донишкадаи озоди Тоҷикистон, омӯзишгоҳи тиббӣ ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот  зиёда аз 2700 нафар иштирок доштанд. Дар натиҷаи баргузории аксия 2,8 км роҳрав ва 1,8 км сой аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, ба партовгоҳи шаҳр 28 тонна партов интиқол дода шуд. Аксияҳои экологӣ дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Панҷакент идома дорад.

Читать далее

Ҷамъбасти давраи манъи сайди моҳӣ

  Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2021 дар ҳавзаи дарёи Сир, обанборҳо, дарёҳо, сойҳо ва кӯлҳои ҳудуди вилояти Суғд ҳамагуна моҳидорӣ манъ гардида буд. Дар ин мӯҳлат ситод бо роҳбарии сардори раёсат таъсис ёфта, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи гурӯҳҳои фаврӣ амалиётҳои назоратӣ роҳандозӣ гардида,  бо мақсади пурзўр намудани назорати давлатии ҳифзи захираҳои моҳӣ ва ҷиҳати гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ мунтазам ҳамкориро бо дигар сохтору мақомот амалӣ намуд ва бо ин мақсад намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони вилоят, кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дигар сохторҳо ба кори гурӯҳҳои фаврӣ ҷалб гардиданд. Дар муҳлати аз 1 апрел то 15 июни соли равон аз ҷониби аъзоёни гурӯҳҳои фаврӣ 350 маротиба амалиётҳои фаврию назоратии шабонарӯзӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 322 адад санади азназаргузаронӣ тартиб ва 16 адад хулосаи ихтиологӣ дода шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.