Ҷамъбасти давраи манъи сайди моҳӣ

  Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2021 дар ҳавзаи дарёи Сир, обанборҳо, дарёҳо, сойҳо ва кӯлҳои ҳудуди вилояти Суғд ҳамагуна моҳидорӣ манъ гардида буд. Дар ин мӯҳлат ситод бо роҳбарии сардори раёсат таъсис ёфта, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи гурӯҳҳои фаврӣ амалиётҳои назоратӣ роҳандозӣ гардида,  бо мақсади пурзўр намудани назорати давлатии ҳифзи захираҳои моҳӣ ва ҷиҳати гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ мунтазам ҳамкориро бо дигар сохтору мақомот амалӣ намуд ва бо ин мақсад намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони вилоят, кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дигар сохторҳо ба кори гурӯҳҳои фаврӣ ҷалб гардиданд. Дар муҳлати аз 1 апрел то 15 июни соли равон аз ҷониби аъзоёни гурӯҳҳои фаврӣ 350 маротиба амалиётҳои фаврию назоратии шабонарӯзӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 322 адад санади азназаргузаронӣ тартиб ва 16 адад хулосаи ихтиологӣ дода шуд.

  Нисбати қонунвайронкунандагон 35 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 11 адад мавод оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ ва андешидани чораҳо ҷиҳати расонидани зарар ба захираҳои моҳӣ ба маблағи 16,9 ҳазор сомонӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод гардид. Ҳамчунин, дар ин давра бо мақсади огоҳонидани аҳолӣ тариқи васоити ахбори омма 42 маротиба эълон пахш гардида, оид ба манъи сайди моҳӣ 67 адад амрнома, аз он ҷумла дар бозорҳо, тарабхонаҳо ва нуқтаҳои пухтупази маҳсулоти моҳигӣ дода шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиётҳо аз шаҳрвандоне, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ доданд 5 адад заврақ ва 6 адад либоси резинӣ, 12 адад олот ва шасти моҳидорӣ муваққатан мусодира гардида, 329 адад тӯрҳои бесоҳиб дарёфт ва тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.