Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун «Рўзи забони точикӣ» дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣ қарор мегирад. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд машғулияти омӯзишӣ оид ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст доир гардид. Дар машғулият дотсент, номзади илмҳои филологии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоева З.С. иштирок намуд.



Ҳар сол 4 октябр
Санаи 14 сентябр дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шахри Бӯстон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он собиқадорони соҳа, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Бо суханони табрикӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баромад намуда, оид ба дастовардҳои мақомот дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар кайд намуд. Рафти маҷлиси тантанавӣ як қатор кормандони собиқадор ва фаъолони соҳа, ғолибони озмуни вилоятии «Шуъба (бахши) беҳтарини ҳифзи муҳити зист» қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ба як катор рӯзноманигорон, ғолибони озмуни ҷумхуриявии «30 соли Истиқлолияти давлатӣ – қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» - Маъмури Юсуфзод
Бо таманниёту фараҳмандии афзун Шуморо бо фарорасии ҷашни сарнавиштсози миллӣ - 30 умин солгарди соҳибистиқлолии Ватани азизамон
Дар Боғи фарҳангиву фароғатии “Камоли Хуҷандӣ” шаҳри Хуҷанд 


