
Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо самимияти беандоза ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии санаи муқаддаси миллат – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯяд. Боиси хушбахтӣ ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути райпурсии умумихалқии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам бо Конститутсия рукнҳои созандаи мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, обҳои зулол, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур гардонида, таъкид намудаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад».Дар ин ҷашни таърихӣ бо як ҷаҳон шукргузорӣ ба Шумо сиҳатмандии комил, осмони софу беғубор, саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно намуда, дар фаъолияти пурмаҳсулу пуршарафатон ва рушду нумӯи кишвари азизамон пирӯзиҳои рӯзафзунро орзу менамоем. Ҷашни муқаддас муборак!




Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Панҷакент озмуни шаҳрии «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун муассисаҳои таълимии шаҳр бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ ширкат варзиданд. Мактаббачаҳо гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи заррин, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт, расмҳои бо ғалладонаҳо тасвиркардаву бо ресмонҳо кашидашуда оро дода буданд. Озмуни «Тирамоҳи заррин» бо суханони ифтитоҳии директори Маркази таҳсилоти иловагии № 1-и шаҳри Панҷакент оғоз гардида,
Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист дар асоси нақшаи кории Раёсат


