Баҳри кабудизоркунӣ ва ободонии диёр, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, собиқадорон, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, аз он ҷумла 100 бех сановбар ва 100 бех арчаи шарқӣ шинониданд. Соли равон тибқи нақша дар ноҳия шинонидани 40 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар назар аст.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Гулистон
Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист бо ҷалби 3 адад техника партови бесоҳиб бартараф карда шуда, беш аз 214 м3 партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол ва ҷойгиронида шуд.Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад.
Саҳми омӯзгорони Мастчоҳ дар сабзсозии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
Бо ибтикори шӯъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ва дар ҳамовозӣ ба ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, имрӯз, 15 январ омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаъолона иштирок карданд. Дар доираи ин иқдоми кабудизоркунӣ беш аз 2000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан дар шафати шоҳроҳ шинонида шуд. Маърака бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Шермуҳаммад Нодирӣ, роҳбарону кормандони шӯъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Муовини якуми раиси ноҳия Шермуҳаммад Нодирӣ зимни иштирок дар маъракаи кабудизоркунӣ гуфт: "Ин ташаббус ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва роҳандозии ҳаракатҳои ватандӯстона мебошад. Омӯзгорони мо бо шинондани ин ниҳолҳо на танҳо саҳми худро дар кабудизоркунӣ мегузоранд, балки барои наслҳои оянда намунаи ибрат мешаванд." Таъкид гардид, ки чунин маъракаҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
Таъсиси Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо
Дар факултети геоэкология ва туризми МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт. Ин иқдом дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва эълон гардидани «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» роҳандозӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи Марказ ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода А.И. ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Т.Султонӣ иштирок намуда, ифтитоҳи Маркази мазкурро дар самти омӯзиши илмии пиряхҳо, таҳқиқоти тағйирёбии иқлим, баррасии таъсироти тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, иқтисодиёт ва ҷомеа, омода намудани мутахассисони соҳа дар самти пиряхшиносӣ ва экологияи иқлим судманд унвон намуданд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти солона ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Салимзода, сардори Сарраёсат Суҳроб Холзода ,сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар вилояти Суғд, назорати ҳолати сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда дар шоҳроҳҳо ва дигар минтақаҳо, ташкил намудани ниҳолхонаҳо дар вилоят, назорати иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва гузаронидани комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ дастуру супоришҳо дод.
Страница 11 из 311