
Тибқи нақшаи чорабинии якҷояи Раёсат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Хуҷанд санаи 19 марти соли равон дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр байни маҳаллаҳои 32 ва 33 аксияи «Ободонии маҳалли зист» бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, хонандагони муассисаҳои таълимии № 8 ва 10, литсеи касбӣ-ҳунарии шаҳр ва кормандони корхонаи ободонӣ гузаронида шуд. Дар рафти аксия қисми поёни боғ аз партовҳо ва санг тоза карда шуда, ҷуйборҳо барқарор карда шуданд. Ба ғайр аз ин қариб 1000 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва тут шинонида шуд. Аз тарафи роҳбарияти Раёсат якҷоя бо КВДК “Хуҷандобуканал” масъалаи обёрии дарахтони боғ ҳалли худро ёфт.



Санаи 10 марти соли равон ба ифтихори 22 март -
Санаи 4 март дар маҷлисгоҳи Раёсат вохӯрии мутахассисони ҷавон, таҷрибаомӯзони факултаи геоэкологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ки дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят таҷриба меомӯзанд, бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Ӯрунбоева М. ва ҷонишини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, фаҳмондадиҳии аҳамияту арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу суббот, тарғибу ташвиқи дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор намудани корҳои ободонӣ,
Санаи 3 марти соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода , муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, раиси ноҳияи Б.Ғафуров Зариф Вализода, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист
Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва барқияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ, шанбегиҳо ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати ҳифзи муҳити зист ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар минтақаҳои шаҳру ноҳияҳо аксияҳои «Ободонии маҳали зист»-ро баргузор намуда истодааст.


