Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018 - 2028», баҳри татбики талаботҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон дар давраи то соли 2020, дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 6 ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Об муқаддасоти олами ҳастӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳр, кормандони воситаҳои ахбори омма, хонандагон ва устодони мактаби мазкур иштирок доштанд.
Дар рафти конфоронс хонандагони мактаб ҷонибдории худро аз Паёми Пешвои миллат, эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иброз доштанд. Хонандагон дар мавзуъҳои ҳифзи сарватҳои табиӣ, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи об баромадҳои пурмазмун намуданд. Дар қисмати адабии конфронс иҷрои шеъру сурудҳо дар васфи Ватан, табиати зебову нотакрор ва ҳифзи он хотири иштирокдоронро боз ҳам шод гардонид.





Б
Санаҳои 4 - 6 феврали соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд семинар-тренинг дар мавзуъи «Роҳҳои инъикоси масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ тавассути унсурҳои чандрасонаи технологияи мултимедиявӣ» доир гардид. Семинар-тренинг аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» дар ҳамкорӣ бо намояндагии Интернюс дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, дар баргузории он намояндагони созмонҳои ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон, кормандони ВАО дар вилояти Суғд ва ташкилотҳои самти ҳифзи муҳити зист


