Санаи 18 августи соли равон бахшида ба тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» дар н.Шаҳристон семинари сайёри вилоятӣ бо иштироки кормандони Раёсат ва зерсохторҳои он баргузор гардид.
Дар рафти кори семинар оиди сарватҳои обии вилоят ва проблемаҳои экологии он, беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ дар вилоят, обҳои дохилаи Тоҷикистон ва оқилона истифодабарии захираҳои об, манбаъҳои асосии обёрии вилоят ва таъминоти оби полезӣ, сифати оби нӯшокӣ, иштироки ҷавонон дар ҳифз ва нигаҳдории захираҳои об, асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад, дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо, намуди санжишҳо мувофиқи Қонуни ҶТ дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, тарзи тартиб додани санҷиши объектҳо дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера баромадҳо шунида шуд. Пас аз музокира як қатор кормандони ҷавони мақомоти ҳифзи муҳити зист бахшида ба Соли ҷавонон барои гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.





Дар соли сипаригаштаи 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров корҳои рӯйпӯшкунии партовҳои радиофаъоли партовгоҳи “Деҳмой”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ба масоҳати умумии наздик 11 га ба анҷом расонида шуд, ки арзиши умумиашон 545,63 ҳазор сомониро ташкил дод. Рӯйпӯшкунӣ бо истифодаи хок ва шағали табиӣ бо ғафсии 0,5-1,0 метр ба анҷом расонида шудааст. Ченкуниҳои афканишоти радиатсия дар мавзеи рӯйпӯшкардашудаи партовгоҳ, ки аз тарафи шӯъбаи таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Филиали Суғдии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, нишон дод, ки агар фони радиатсионӣ то рӯйпушкунӣ ба 160-380 мкР/соат баробар бошад, баъди рӯйпӯшкунӣ ҳамагӣ 35-40 мкР/соатро ташкил медиҳад, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои санитарӣ-экологӣ мебошад.
Оиди иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кукнор-2017» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят як қатор корҳо ба анҷом расид. 


