Дар арафаи 25 солагии Ижлосияи ХУ1-и Ш=рои Олии Жумьурии Тожикистон ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти н.Масчоҳ доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси ноҳияи Масчоҳ Ғайрат Азиззода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ва раиси ноҳияи Масчоҳ Ғайрат Азиззода иброз доштанд, ки дар тамоми гӯшаю канори кишвари маҳбубамон айни замон раванди ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мехоҳад бо дастовези арзанда ҷашни 25 солагии Ижлосияи ХУ1-и Ш=рои Олии Жумьурии Тожикистон истиқбол гирад. Ифтитоҳи бинои наву хуштарҳ дар ноҳияи Масчоҳ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Масчоҳ, ки аз тарафи ЧДММ «Фаворит», дар муддати кӯтоҳ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.



Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Санаи 15 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ҷамъбаст ва маросими мукофотонидани ғолибони озмуни ҷумҳуриявию вилоятӣ дар мавзӯи «Ҷаҳонро сарсабзӣ аз об аст» бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят доир гардид. Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони мактабҳо доир ба ҳифзи муҳити зист, татбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба ҷашнҳои давлатии миллӣ гузаронида шуд.


