Бахшида ба Рузи умумиҷаҳонии об – аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Исфара

    Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи умумиҷаҳонии об бо мақсади аз партовҳо тоза намудани соҳили дарё бо икдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар шаҳри Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони соҳаи маориф ва бахши кор бо ҷавонони шаҳр фаъолона иштирок намуда, соҳили дарёи Исфара аз партову алафҳои бегона тоза карда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Хуҷанд

    Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз, баҳри ҷалби оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф дар шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия намояндагони корхона ва ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳалаҳо, муҳасилини муассисаҳои таълимӣ 2310 нафар иштирок доштанд. Дар рафти аксия 2 км ҷӯйборҳо ва майдонҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуданд. Ҳамчунин  6 м3 партовҳо ба партовгоҳи  шаҳр бароварда шуд.

Семинари илмӣ – назариявӣ дар донишгоҳ

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», санаи 12.03.2020 дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи мазкур бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, семинари илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон -пешоҳанги масоили ҳифзи об дар ҷаҳон» баргузор намуд. Дар кори семинар устодону донишҷӯён иштирок карда, аз ҷониби сармутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, магистранти соли аввали ихтисоси «Экологияи умумӣ» барои иштирокдорон баромадҳо дар мавзӯҳои «Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон», «Ҳолати кунунии истифодаи захираҳои об дар вилояти Суғд» ва «Мавқеи тозанамоии партовобҳо дар беҳдошти муҳити зист» пешниҳод гардид.

Машварати кории назди сардори Раёсат

    Санаи 11 марти соли равон дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон машварати корӣ бо иштироки сардори Раёсат Ҳакимзода А.Қ. доир гардид. Дар маҷлис муовини сардори Раёсат, сардорони шуъбаҳои Раёсат ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят дар 2 моҳи соли равон ва вазифаҳо барои бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти семоҳаи 1-ум мавриди баррасиву таҳлил қарор  гирифт.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.