Рӯзи дониши экологӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол

Бо мақсади пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия  намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест - ҳадафи асосии  баргузории рузи дониши экологӣ  мебошад. Дар баробари дигар бахшҳои хифзи мухити зисти вилоят бо иқдоми бахши шаҳри Истиқлол низ бахшида ба Рузи умумичахонии дониши экологи ва Рузи Замин дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 бо иштироки намояндаи шуъбаи маориф ва  сармутахассиси бахш  семинар бо хонандагон баргузор гардид.

Вохӯрӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Масчоҳ

Бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва № 9 ҷамоати ш.Бӯстони ноҳияи Масчоҳ низ вохурии кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти нохия бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ доир гардид. Омӯзгорони фанни экология ва намояндагони бахш дар мавзӯи роҳҳои баланд бардоштани дониши экологӣ байни насли наврас ва ҷавонон, корҳои  иҷро гардида аз ҷониби муассисаҳо доир ба ҳифзи муҳити зист ва саҳми хонандагон дар беҳбудии муҳити атроф баромад намуда, баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳоро  саривақтӣ  арзёбӣ  намуданд.

Рӯзи дониши экологӣ дар нохияи Айнӣ

    Бахшида ба санаҳои экологӣ гузаронидани вохӯриҳо дар  муассисаҳои таълимӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ин мақсад 15 апрели соли равон рӯзи умумиҷаҳонии маърифати экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и деҳаи Искодари ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба номи А.Азимов ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи М.Шукурови ноҳияи Айнӣ, инчунин дар байни аҳолии деҳаи Такфони ноҳия бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо хонандагон ва аҳолӣ сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд. Намояндагони бахш дар баромади худ оид ба иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳо ва аҳолӣ дар чорабиниҳои экологӣ баҳри беҳбудии муҳити зист, истифодабарии оқилонаи об, ҳифзи ҳавои атмосфера суханронӣ намуданд.

Рӯзи маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон

    Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон 15 апрели соли равон  бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ дар гимназияи-1 ва  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Гулистон бо иштироки  60 нафар  хонандагон  вохӯрӣ гузаронида шуд. Кормандони бахш аз  хонандагон даъват ба амал оварданд, ки барои беҳбудии муҳити атроф , тозаву обод нигоҳ доштани маҳали зист ва баланд бардоштани дониши экологӣ  саҳми арзандаи худро гузоранд. Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист ба омӯзгорони  фанни  экология ва хонандагони фаъол  ифтихорномаву  сипосномаҳо супорида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.