Аксияи «Тозагии маҳал» дар миқёси вилояти Суғд

    Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз, баҳри ҷалби оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф шанбеи гузашта дар миқёси вилоят  аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксия кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, намояндагони  корхона ва ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоату шаҳракҳо, сокинони маҳалаҳо, муҳасилини муассисаҳои таълимӣ 46856 нафар иштирок доштанд. Дар рафти  аксия  33,2 км ҷӯйборҳо, ҳудуд 36778 м2  ва қади роҳҳо 25030 м тоза карда шуд. Ҳамчунин 2,2 км заҳбуру  каналҳо  тоза, 2148 бех дарахтон ва роҳгаштҳо 500м сафед карда шуда, ба партовгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 116,3 м3 партовҳо бароварда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Конибодом

    Санаи 14 марти соли 2020 тибқи нақшаи чорабинии бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр назди идораи бахш, кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, Исмоили Сомонӣ ва назди дармонгоҳи шаҳрӣ аксияи «Тозагии маҳал» муташаккилона доир гардид. Дар он зиёда аз 136 нафар сокинони шаҳр иштирок намуда,  қариб 90 м ҷӯйборҳо тоза ва  ва ҳудуд ба масоҳати 2698 м2 тоза карда шуд. Ҳамчунин 47 адад дарахтон сафед ва ба миқдори 74 адад ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ш.Панҷакент

    Дар шаҳри Панҷакент бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист, ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз ва 5500 солагии Саразми бостонӣ мунтазам корҳои ободонӣ кабудизоркунӣ  гузаронида шуда истодааст. Бо ин мақсад дирӯз дар назди бинои  маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент зиёда аз 26 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент то имрӯз дар миқёси шаҳр шумораи умумии ниҳолҳои шинонидашуда қариб 2 ҳазор бехро ташкил дода, корҳои ободониву созандагӣ то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома меёбад.

Корҳои сабзкориву ободонӣ дар қадди роҳҳо

    Бо мақсади ободу зебо гардонидани қадди роҳҳо, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, бахшида ба Иди Наврузи байнал-милалӣ дар қадди  роҳҳои протоколӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчоҳ ва маркази шаҳрак маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ дар он намояндагони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо  қадди роҳҳоро аз партовҳо тоза намуда, 580 – адад дарахтони сояафкан  ва 1,5 ҳазор  адад гули садбарг шинониданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.