Мутахассисони шӯъбаи назорати таҳлилии Раёсат ҳар моҳ мониторинги экологии минтақаҳои наздисарҳадиро гузаронида, ҳолати ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ-муҳофизатии корхонаҳои саноатӣ то хати сарҳади Чумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон амалӣ менамоянд. Ҳамзамон ҳолати ҳавои атмосфера ва дараҷаи радиатсия дар ҳудуди ноҳияҳо санҷида шуда, оид ба тағирёбии тамоюли таъсири партовҳо ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обии минтақаҳо муайян карда мешавад.
Мониторинги ҳавзаи дарёи Сир аз рӯи 24 ҷузъиёт бо гирифтани 12 намунаҳои об аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Спитамен ва Гулистон гузаронида шуда, нишондоди фулузоти вазнин дар оби дарё муқаррар карда мешавад.



Санаи 19 октябри соли равон дар муассисаи давлатии Маркази солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20 солагии Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон» дар н.Ч.Расулов дар асоси «Барномаи давлатии экологии Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. 
Санаи 14 октябри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар