
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», санаи 12.03.2020 дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи мазкур бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, семинари илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон -пешоҳанги масоили ҳифзи об дар ҷаҳон» баргузор намуд. Дар кори семинар устодону донишҷӯён иштирок карда, аз ҷониби сармутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, магистранти соли аввали ихтисоси «Экологияи умумӣ» барои иштирокдорон баромадҳо дар мавзӯҳои «Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон», «Ҳолати кунунии истифодаи захираҳои об дар вилояти Суғд» ва «Мавқеи тозанамоии партовобҳо дар беҳдошти муҳити зист» пешниҳод гардид.



Санаи 11 марти соли равон дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон машварати корӣ бо иштироки сардори Раёсат Ҳакимзода А.Қ. доир гардид. Дар маҷлис муовини сардори Раёсат, сардорони шуъбаҳои Раёсат ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят дар 2 моҳи соли равон ва вазифаҳо барои бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти семоҳаи 1-ум мавриди баррасиву таҳлил қарор
Санаи