Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Гулистон

    Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон ба истиқболи идҳои миллии давлатӣ дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои маориф ва тандурустӣ аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Рафти аксия минтақаҳои истироҳатӣ, соҳили баҳри обанбори «Баҳри тоҷик» аз партовҳои гуногун ва алафҳои хушкшуда тоза карда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ашт вилояти Суғд

     Ба истиқболи шоистаи ҷашни 28 солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои созандагиву бунёдкорӣ авҷи тоза гирифта истодааст. Бо ин мақсад санаи  29 августи соли равон дар ҷамоатҳо бо  иштироки  аҳолии чамоатҳо, кормандони идораву ташкилотҳо аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия канори роҳи марказӣ ба масофаи 2 км, ҷуйборҳо ва гирду атрофи идораву ташкилотҳо  аз партовҳои истеъмолӣ ва алафхои хушкшуда тоза карда шуда  0,6 м3 партовҳо бароварда шуданд. Баргузории аксия дар ҳудуди ноҳия то 4 сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Амалиётҳои санҷишӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ

    Аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  бо мақсади ба танзим даровардани рафти  сайди саноатии моҳӣ дар обанбори «Баҳри тоҷик» дар ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» ва «Моҳии точик» санҷиш  гузаронида шуд. Дар натиҷаи санҷиш санадҳои сайди саноатии моҳӣ 11 адад тартиб дода шуда, барои оянда ҳифзу самаранок истифодабарии захираҳои моҳии обанбори  Баҳри тоҷик тавсия ва пешниҳодҳо дода шуд.

Амалиёти навбатӣ дар самти олами наботот

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои протоколии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.07.2019сол «Оиди пурзур намудани назорати давлати дар самтхои хифзу истифодаи самараноки захирахои табии наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ ва баланд бардоштани нишондодҳои соҳавӣ», иҷроиши фармоиши сардори раёсат тахти №17 аз 04.03.2019 с. «Оиди гузаронидани  амалиётҳои  фаврии  шабонарузӣ»  мунтазам амалиёти назорати гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти навбати дар шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом ҷамоати деҳоти Патар шаҳрванд Неъматов Ғ. боздошт карда шуд, ки  бе иҷозатномаи МДХҶ бо даравидани қамиш машғул шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.