Амалиёти “Ҳавои тоза”

Ба истиқболи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар асоси нақшаи корӣ мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи  ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҳамҷоя бо кормандони  БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» дар шоҳроҳи  Хуҷанд – Б.Ғафуров гузарониданд. Дар рафти амалиёт 67 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.  

Амалиёти назоратӣ дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Масчоҳ

    Дар натиҷаи амалиёти назоратӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ  дар дохили  захбури дохили махаллаи ҷамоати деҳоти Оббурдон худсарона шинонидани ниҳолҳо ошкор гардид, ки заҳбур ба партовгоҳ табдил ёфта буд. Дар натиҷаи доданиамрнома ва санад минтақаи мазкур аз партовҳо тоза карда шуда, ниҳолҳои дарахтон решакан карда шуданд. Минтақаи мазкур зери назорати доимии кормандони бахш қарор дошта, ҳангоми иҷро накардани пешниҳодҳои додашуда нисбати қонуншиканон тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунанда чораҷўӣ карда мешавад.

Амалиётҳои назоратӣ дар н.Б.Ғафуров

     Бо мақсади иҷрои нақшаи корӣ аз тарафи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар минтақаи Сомғори ноҳияи Б.Гафуров амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёти мазкур нисбати истиқоматкундаи ҷамоати деҳоти Исмоил, ҷамоати деҳоти Сомғар-и н.Б.Ғафуров барои  истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум бо моддаи 238 Кодекси ҳукуквайронкунии маьмурӣ протокол тартиб дода шуд. Маводи тартиб додашуда ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров барои андешидани чораҳои маъмурӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳашари дастаҷамъона дар ноҳияи Зафаробод

    Дар асоси нақша чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зисти н.Зафаробод, ба истиқболи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод ҳашарҳои умуминоҳиявӣ гузаронида шуда истодааст. Рузи шанбеи ҳафтаи гузашта бо иштироки зиёда аз 560 нафар намояндагони корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ дар ҳудуди маҳаллаҳо, кучаю хиёбонҳо, назди корхонаву ташкилотҳо  ҳашари умуминоҳиявӣ гузаронида шуд. Рафти ҳашар  ҷуйборҳо ба масофаи  5920 м2, каналҳо – 2700 м, биною иншоотҳо ба масоҳати 450 м2 сафед карда шуда, инчунин ҷойҳои партовҷамъкунии муваққатӣ аз партовҳо тоза ва таъмир карда шуд. Ҳашари умуминоҳиявӣ даршаҳраку деҳотҳои ноҳия идома дорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.