Аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» дар вилояти Суғд

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва ҳамаи зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Раиси Кумита ва амалигардонии нақшаи чорабиниҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, санаҳои 25 – 26 октябри соли равон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ аксияи мазкурро бо иштироки васеи кормандони соҳавӣ, аҳли ҷамоатчигӣ, донишҷўёну мактаббачагон ва васоити ахбори омма ташкил намуданд.

Бо ташаббуси раёсат, санаи 26 октябри соли 2019, аз соати 10.00 то 12.00, дар боғи ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» баргузор гардид. Дар ҷойи асосии баргузории чорабинӣ шиорҳо «Пиряхҳо манбаи асосии оби кишвар ва Осиёи Марказӣ мебошанд» ва бо номи худи аксия насб гардида, 30 нафар ризокорон (волонтёрон) бо либосҳои варзишӣ (футболка ва кепка) бо навиштаҷоти «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» ва бо логотипи мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намуданд.

Санҷиши татбиқи Барнома дар шаҳри Истаравшан

Дар асоси нақшаи кории раёсат барои нимсолаи дуюм ва нақшаи кории МИҲД вилоят барои моҳи октябри соли равон санаи 23.10.2019 санҷиши рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ҳамзамон рафти ичрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста гардида, гузаронида шуд.

Вохўрӣ бо маорифчиёни шаҳри Истаравшан

Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷўмла омўзгорони фанни экология, биология ва географияи муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба Барнома, ҳифзи ҳавои атмосфера ва муаммо дар ин самт, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.

1300 рўзи меҳнати зарбдор дар шаҳри Истиқлол

    Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Истиқлол дар доираи эълон гардидани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолиятӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи «Тозаги махал» бо иштироки шуъбаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №  1, 2 ва 6, дар маҷмуъ беш аз 170 нафар баргузор гардид. Дар натиҷа дар рафти аксия кучаи Меҳнатободи шаҳр, зиёда аз 1,5 км қади кўчаҳои нақлиётгард аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Ҳамзамон 15 тонна партовҳо ба партовгоҳ бароварда шудаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.