Вохӯрӣ бо мактаббачагон дар ноҳияи Б.Ғафуров

    Дар асоси нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрӣ бо муҳассилини синфҳои 9-10 муассисаи таълимии миёнаи умумии № 84, ҷамоати деҳоти Хистеварзи н.Б.Ғафуров баргузор гардид. Корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия доир ба тарбия ва маърифати экологии наврасон, саҳми хонандагон дар тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, муомилот бо партовҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба муҳити зист вобастагии зич доранд, баромад намуд. Дар навбати худ хонандагон ба суолҳои худ оиди ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ ҷавобҳои муфассал  гирифтанд. Дар рафти вохӯрӣ муовини директори муассиса ва омӯзгори фанни экология барои гузаронидани чунин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чунин мулоқотҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Кӯҳистони Масчоҳ

    Ба истиқболи сазовори ҷашнҳои миллии дар пешистода, дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо баробари гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» дар ҷамоатҳои деҳоти Лангар ва Иван Тоҷик ва муассисаҳои таълимӣ бо аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷамъомади навбатие, ки бо намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон, аҳолии ҷамоатҳо гузаронида шуд, оид ба сазовор пешвоз гирифтани идҳои давлатии дар пешистода, роҳ надодан ба буриши ғайриқонунии дарахтон дар фасли зимистон ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Саҳми табиатдӯстон дар тозагиву ободии муҳити атроф

     Дирӯз бо мақсади  тозаву обод намудани муҳити атроф, бахшида ба идҳои миллии дар пеш истода, бо ибтикори ризокорони (волонтерони) ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари  Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дастгирии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд соҳили рости дарёи Сир шафати каҳвахонаи ҳавопаймои Ил-18, ки яке аз мавзеъҳои тамошобоби шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёбад, аксияи “Тозагии соҳил” доир гардид. Дар рафти аксия дустдорони табиат ба масофаи 500 метр аз купруки ҷашнӣ ва гирду атрофи ҳавопайморо пурра аз партовҳо тоза намуда, 2 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ин гуна иқдомҳо аз тарафи ҷамъияти мазкур мунтазам роҳандозӣ мегарданд, ки ин барои баланд бардоштани ҳисси табиатдӯстӣ ва маърифати экологӣ мусоидат менамояд.

Аксияи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 9.11.2019 якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» -Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бобати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» аксияи шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз гузаронида шуд. Чорабинии мазкур дар доираи «Лоиҳаи баланд бардоштани маърифати экологӣ» дар соли равон охирон буда, дар аксия ба ғайр аз кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва Маркази Орхус, инчунин кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, хонандагони се мактаби ба лоиҳа ҷалб гардида ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар маҷмуъ, дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд зиёда аз 100 бех дарахти ҳамешасабзи ардач шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.