Санҷиши рафти иҷрои Барнома ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳри Исфара

Дар асоси нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли равон санаи 9.10.2019  рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ҳамзамон, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои МИҲД шаҳр, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста гардидаанд, дар ҳузури роҳбарон ё шахсони муттасадӣ санҷида шуд. Бояд қайд намуд, ки корбарӣ дар сохторҳои иҷрокунандагони нақшаи чорабиниҳои барнома, ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниидоравии маҳаллӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар баъзе самтҳо, бахусус мазмун ва сифати маълумоти ҷамоати шаҳраку деҳот камбудиҳо ҷой доранд.

Ҳодисаи ғайриқонунӣ

    Нозирони давлатии шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар минтақаи Палоси ноҳияи Б.Ғафуров, соҳили дарёи Сир ҳодисаи даравидани ғайриконунии камишро аз тарафи шаҳрвандон, сокинони ноҳияи Спитамен - Раҳимовҳо Зафар ва Зариф, ошкор намуда, нисбати онхо протоколхои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Протоколҳои тартибдода, барои баррасӣ ва чораҷўӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ирсол карда шуд.

Назорати сайди саноатии моҳӣ

    Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сайди саноатии моҳиро аз тарафи хоҷагиҳои моҳидор ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» ва ҶСК «Моҳии Тоҷик» зери назорати давлатӣ карор дода, мунтазам аз тарафи нозирони шуъба амалиётҳои фаврӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми баргузории амалиёт сайди моҳӣ дар ин коргоҳҳо аз назар гузаронида шуда, санадҳои сайди саноатии моҳӣ тартиб дода мешавад. Ҳамин тавр, санаҳои 5 - 6 октябри соли ҷорӣ аз тарафи нозирони шуъбаи раёсат чунин амалиёт баргузор гардида, сайди саноатии моҳии ин ду ҷамъияти мазкур санҷида шуд. Дарнатиҷа 7 адад санади сайди саноати имоҳӣ ва 3 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиби худро ёфт.

Амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар давоми соли равон ҳодисаҳои ғайриқонунӣ гирифтан ва кашонидани қуму шағал дар баъзе ноҳияҳои вилоят ба назар расида, аз тарафи нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар рўзҳои истироҳат амалиётҳои фаврӣ баргузор мегардад. Санаи 6.10.2019 дар ноҳияи Спитамен амалиёти фаврӣ оид ба кашонидани ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум аз ҷониби кормандони раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия гузаронида шуд.

    Дар рафти амалиёт дар ҷамоати деҳоти Тағояк истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов Вайдуллоев Х. ҳангоми бе иҷозати мақомоти дахлдор аз Сойи Оқ-суи ноҳияи Спитамен кашонидани қуми табиӣ боздошт гардид.  Дар натиҷа, дар асоси моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахси мазкур протокол тартиб дода, барои андешидани чораҳои бо қонун пешбинигардида, маводҳо ба бахши ноҳияи Спитамен супорида шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.