Бо мақсади ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои табиӣ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд корҳои ба расмият даровардани ҷойгиршавии ёдгории табиии давлатии «Тути Панҷшанбе» ба анҷом расонида шуд. Бо ин мақсад аз ҳисоби воситаҳои махсуси мақомоти ҳифзи муҳити зист атрофи дарахти тахминан 850 - 900 сола бо панҷараи декоративӣ иҳота гардида, бо истифодаи сангҳои ороишӣ ва чароғҳои ранга, ҳамчунин дар назди дарахт санги махсус бо муаррифиномаи тути сафед насб карда шуд.
Боиси қайд аст, ки тибқи моддаи 39-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда» номгӯи ин дарахти бебаҳои таърихӣ ба феҳристи ёдгориҳои табиии давлатӣ ворид гардидааст. Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ гардида, баҳри муаррифии ёдгории табиӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.



Дар партави дастури Ситоди вилоятии COVID-19 оид ба гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам, хоса бозору мавзеъҳои истироҳатӣ санаи 24 июни соли равон КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд якҷоя бо Раёсати
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020., №10 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагил-2020»,
Рӯзҳои истироҳат таҳти шиори «Ободонии шаҳр – мароми мост!» ба ифтихори 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеъ ҳашари умумишаҳрӣбагузор гардид. Дар шанбегӣ кормандони корхонаву идора, ташкилоту муассисаҳо, сокинон фаъолона ширкат варзида, дар ободониву кабудизоркунии маҳалли зист саҳми худро гузоштанд. Аз ҷумла, намояндагони муассисаву ташкилотҳо ва сокинони маркази шаҳр якҷоя бо кормандони КВД ХМК-и шаҳр дар кӯчаи марказӣ, маҳаллаҳо, гулгаштҳо, минтақаи истироҳатӣ, соҳили обанбори “Баҳри тоҷик”, даромадгоҳи шаҳр ва атрофи хонаҳои баландошёна ниҳолу гулҳои гуногуни ороишӣ шинонида, дар хуррамгардонии шаҳр нақши худро гузоштанд.